Таҳлил; Ваҳшати исроилиҳо аз ҷанги шимол бо шикаста шудани рекорди ҳамалоти мушакии Ҳизбуллоҳ
(last modified 2024-09-07T13:07:28+00:00 )
Сентябр 07, 2024 18:07 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил; Ваҳшати исроилиҳо аз ҷанги шимол бо шикаста шудани рекорди ҳамалоти мушакии Ҳизбуллоҳ

Канали 12-и режими саҳюнистӣ дар вокуниш ба ҳамалоти густардаи Ҳизбуллоҳи Лубнон эълом кард: Кабинаи заъифу шикастхӯрдаи Натаняҳу, шимоли Исроилро фаромӯш кардааст.

Ҳамалоти паҳподии густардаи Ҳизбуллоҳ ба шимоли сарзаминҳои ишғолӣ, изъони саҳюнистҳо ба қудрати муқовимати Лубнон, эҳсоси ноумедии шаҳракнишинону талафоти ҷадиди саҳюнистҳо, гузидае аз охирин таҳаввулоту даргирӣ миёни Ҳизбуллоҳу саҳюнистҳо дар шимоли сарзаминҳои ишғолӣ аст, ки дар ин бастаи хабарии Порс тудей омадааст:

Ҳамлаи Ҳизбуллоҳ ба марокизи таҷаммуъи низомиёни саҳюнист дар шимоли сарзаминҳои ишғолӣ

Шабакаи “Ал Минор” эълом кард: Ҳизбуллоҳи Лубнон дар вокуниш ба ҳамалоти саҳюнистҳо ва ҳимоят аз мардуми Фаластин тайи 6 амалиёти густарда, марокизи таҷаммуъи низомиёни саҳюнистро дар шимоли сарзаминҳои ишғолӣ бо паҳподҳои инфиҷорӣ ҳадаф қарор додааст, ки дар ин ҳамалот чанд саҳюнист захмӣ шуданд.

Шикаста шудани рекорди ҳамалоти мушакии Ҳизбуллоҳ алайҳи саҳюнистҳо

Радиои артиши режими саҳюнистӣ изъон кард: Дар моҳи августи гузашта дар маҷмӯъ ҳазору 307 фарванди мӯшак аз Лубнон ба самти шимоли Фаластини ишғолӣ партоб шудааст. Бар асоси ин гузориш, тайи моҳи гузашта ба таври миёнгин 40 мӯшак дар рӯз тавассути Ҳизбуллоҳ ба сӯи арозии ишғолӣ партоб шуда, ки ин болотарин мизони шиллики мӯшак аз оғози ҷанги саҳюнистҳо алайҳи Ғазза будааст.

Изъони расонаҳои саҳюнист ба қудрати Ҳизбуллоҳи Лубнон

Канали 12 режими саҳюнистӣ дар вокуниш ба ҳамалоти густардаи Ҳизбуллоҳи Лубнон эълом кард, ки кабинаи заъифу шикастхӯрдаи Исроил, шимоли сарзаминҳои ишғолиро фаромӯш карда ва танҳо аз меҳвари Филаделфия ҳарф мезанад! Сиёсати Исроил дар шимол, сиёсати маҳор нест ва кабинаи Исроил аз тариқи ин сиёсат ба Ҳизбуллоҳи Лубнон иҷоза медиҳад то ҳар кореро, ки мехоҳад дар ин манотиқ анҷом диҳад.

Хабарнигори саҳюнист: Шаҳракнишинон бисёр эҳсоси ноумедӣ мекунанд

Ҳидор Гитсис, хабарнигори шабакаи 12 Исроил гуфт: Артиши Исроил ҳамла мекунад, аммо наметавонад вазъиятро қатъӣ кунад. Чизе ки мо мебинем ин аст, ки ҳамалот аз Лубнон мутаваққиф намешавад. Садҳо ҳазор шаҳракнишини саҳюнист ин суолро доранд, ки чигуна дар сояи ҳамалоти (Ҳизбуллоҳ) аз Лубнон ба зиндагиашон идома диҳанд? Онҳо ҳар рӯз вориди амокини муҳофизат шуда мешаванд ва дар давраи ахир бавижа дар рӯзҳои ахир бисёр эҳсоси ноумедӣ мекунанд.

Изъони саҳюнистҳо ба шикаст дар баробари стротижии Ҳизбуллоҳ

Гай Сур, фармондеҳи собиқи неруи заминии артиши Исроил дар гуфтугу бо шабакаи саҳюнистии Кон ва дар вокуниш ба ҳамалоти Ҳизбуллоҳи Лубнон гуфт: Танҳо роҳбурди Исроил ин аст, ки Натаняҳуро рӯи сандалии худ нигаҳ дорад. Дуруст нест, ки ба ҷанг дар шимол (сарзаминҳои ишғолӣ) кашида шавем. Раиси собиқи бахши амалиёт дар артиши Исроил низ эълом кард: Исроил стротежии мушаххасе надорад ва мушкил инҷост, ки мо мисли киштие ҳастем, ки мотораш хароб шуда ва бидуни ҳеҷ хосияти хосе бо ҷараён дар ҳоли ҳаракат ҳастем.

Бар асоси охирин гузоришҳо дар ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Ғазза токунӯн афзӯн бар 40 ҳазор фаластинӣ шаҳид ва беш аз 94 ҳазор нафар низ маҷрӯҳ шудаанд.

Шокилаи режими Исроил аз 1917 бо тарроҳии истеъмори Британия ва аз тариқи муҳоҷират додани яҳудёни кишварҳои мухталиф ба сарзамини фаластиниён, эҷод ва дар соли 1948 мавҷӯдияти он эълом шуд. Аз он замон тарҳҳои куштори ҷамъии мухталифе барои наслкушии фаластиниён ва тасоҳуби тамоми сарзаминашон анҷом шудааст.

 

Барчасп