Ваҳшати ҳуқуқдонони байналмилал аз ҷинояти аҷиби Исроил. Режим садҳо сол талоши ҳуқуқии башарро нобуд кард
(last modified 2024-09-22T11:10:48+00:00 )
Сентябр 22, 2024 16:10 Asia/Dushanbe
  • Инфиҷори чанд ҳазор пейҷеру  васоили иртиботӣ дар нуқоти мухталифи Лубнон ва Сурия
    Инфиҷори чанд ҳазор пейҷеру васоили иртиботӣ дар нуқоти мухталифи Лубнон ва Сурия

Порстудей. Яке аз усули асосӣ дар ҳуқуқи байналмилали башардӯстона ин аст, ки танҳо аъзои мусаллаҳи даргир дар ҷангро метавон ҳадаф қарор дод. Аммо дар ҳамалоти режими Исроил афроди ғайринизомӣ, аз ҷумла пизишкон, рӯзноманигорон ва коркунони бемористонҳо низ ҷони худро аз даст додаанд.

Ҳамлаи ғайримунтазира ва бераҳмонаи чанд рӯзи гузаштаи Исроил ба дастгоҳҳои иртиботии шаҳрвандони лубнонӣ, ҷомеаи байналмилалро дар шоку ҳайрат фурӯ бурд.

Ба гузориши “Порстудей”, инфиҷори чанд ҳазор пейҷеру  васоили иртиботӣ дар нуқоти мухталифи Бейрути Лубнон ва Сурия, мунҷар ба кушта шудан даҳҳо нафар ва захмӣ шудани ҳазорон нафар шуд. Захмиҳое, ки бархе аз онҳо чашмони худро аз даст доданд ва садҳо нафар ҳамчунон дар вазъияти буҳронӣ қарор доранд.

Оё ин ҳамалоти ваҳшатноку фоҷеабор бо қавонини байналмилалӣ қобили тавҷеҳ аст? Посух равшан аст: Ҳуқуқдонони байналмилалӣ ба равшанӣ аз ин иқдоми Исроил ба унвони ҷинояте ҳавлнок ёд мекунанд.

Нақзи ошкори қавонини байналмилалии башардӯстонаи ҳамалоти Исроил ба дастгоҳҳои иртиботии лубнониҳо, ки бархе низ дар дасти аъзои Ҳизбуллоҳ буд, бидуни шак нақзи сареҳи усули бунёдини ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона аст.

Ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона, ки аз конвенсияҳои Женева ва аҳкоми Девони байналмилалии додгустарӣ нашат мегирад, қавоиде сахтгирона барои маҳдуд кардани ранҷи ношӣ аз даргириҳои мусаллаҳона таъйин кардааст. Ин қавонин бар асли тамоюз миёни низомиёну ғайринизомиён ва ҳамчунин аҳдофи низомиву ғайринизомӣ таъкид доранд. Ҳамалоте, ки бидуни тамоюз ба аҳдофи ғайринизомӣ осеб мезананд, ба вузуҳ мамнуъ ҳастанд.

 

Нақзи асли тамоюзу таносуб

Ҳуқуқдонон мегӯянд, ки ҳамалоти режими Исроил дар Лубнон асли тамоюзро ба шиддат нақз кардааст. Бар асоси гузоришҳои мавҷуд, ин инфиҷорҳо бидуни ҳеҷ гуна баррасии инфиродиву ҳадафгирии дақиқ анҷом шудаанд.

Алонсо Гурменди - Дункелберг (Alonso Gurmendi - Dunkelberg), пажӯҳишгари иқтисоди сиёсии Лондон таъкид мекунад, ки барои татовуқ бо қавонини байналмилалӣ, Исроил бояд ҳар дастгоҳи иртиботиро ба сурати ҷудогона баррасӣ мекард то итминон ҳосил кунад, ки танҳо ба неруҳои мубориз ҳамла мекунад. Ин баррасиҳо на танҳо анҷом нашуда, балки инфиҷорҳо ба таври ҳамзамон ва ба сурати кӯркӯрона дар нуқоти мухталиф рух додааст.

Ҷанина Дил (Janina Dill), мудири муштараки Муассисаи ахлоқ, қонун ва даргирии мусаллаҳонаи Донишгоҳи Оксфорд ба нигарониҳои марбут ба асли таносуб ишора мекунад. Ӯ мегӯяд, ки анҷоми муҳосиботи таносуб барои садҳо инфиҷор, ҳамзамон тақрибан ғайримумкин аст ва ин ҳамалот на танҳо ғайринизомиёнро ба хатар андохта, балки аз лиҳози қонунӣ низ ғайриқобили дифоъ аст. Инфиҷори пейҷерҳо дар хонаҳо, фурӯшгоҳҳо, худравҳо ва ҳатто маросими хоксупорӣ, нишондиҳандаи адами риояти усули аввалияи инсонӣ дар ҷанг аст.

 

Ҳадафгирии ғайринизомиёну адами риояти низомигарии машруъ

Яке аз усули асосӣ дар ҳуқуқи байналмилали башардӯстона ин аст, ки танҳо аъзои мусаллаҳи даргир дар ҷангро метавон ҳадаф қарор дод. Аммо дар ҳамалоти режими Исроил афроди ғайринизомӣ, аз ҷумла пизишкон, рӯзноманигорон ва коркунони бемористонҳо низ ҷони худро аз даст додаанд. Ҳамчунин кӯдакон низ қурбонии ин ҳамалоти ваҳшиёна будаанд, аз ҷумла Фотима Абдуллоҳ (Fatima Abdullah), духтари нуҳсолаи яке аз аъзои Ҳизбуллоҳ.

فاطمه جعفر عبدالله، دختر بچه۱۰ ساله لبنانی که بر اثر انفجار پیجر‌ها به دست رژیم کودک‌کش صهیونیستی در لبنان به شهادت رسید

 

Фотима Ҷаъфар Абдуллоҳ, духтарбачаи 10 солаи лубнонӣ, ки бар асари инфиҷори пейҷерҳо ба дасти режими кӯдаккуши саҳюнистӣ дар Лубнон ба шаҳодат расид.

Елен Нуҳл (Ellen Nohle) аз Маркази байналмилалии ҳуқуқи башардӯстонаи Диакония (Diakonia International Humanitarian Law Centre) ҳушдор медиҳад, ки ҳеҷ гоҳ набояд ба афроде, ки ба таври мустақим дар даргирӣ ширкат намекунанд, ҳамла кард. Ӯ таъкид мекунад, ки ҳеҷ гуна тавҷеҳе барои ҳадаф қарор додани ин афроди ғайринизомӣ вуҷуд надорад, ҳатто агар ба Ҳизбуллоҳ вобаста бошанд.

Ин ҷиноёт нақзи сареҳи асли зарурати низомӣ низ ҳастанд, ки таъкид мекунад, истифода аз неру танҳо дар ҳадди зарурати мутлақ муҷоз аст.

 

Истифода аз дастгоҳҳои инфиҷории талагузоришуда як нақзи ошкор

Истифода аз дастгоҳҳои инфиҷории талагузоришуда, ҳамонанди он чӣ дар ҳамалот ба пейҷерҳову васоили иртиботии лубнониҳо дида шуд, аз манзари қавонини байналмилалӣ мамнуъ аст. Бар асоси протоколи ислоҳии дувуми Конвенсияи силоҳҳои матаориф, ки режими Исроил низ яке аз имзокунандагони он аст, истифода аз талаҳои инфиҷорӣ, ки ба таври ногаҳонӣ ва ғайриқобили пешбинӣ амал мекунанд, нақзи қавонини байналмилалӣ талаққӣ мешавад.

Андрей Клафам, нависандаи китоби «Ҷанг» (War) ва устоди Муассисаи таҳсилоти такмилии Женева (Geneva Graduate Institute) таъкид мекунад, ки ин дастгоҳҳо ба таври возеҳ барои куштору осеб расондан тарроҳӣ шудаанд ва ин навъ истифода аз онҳо нақзи фоҳиши қавонини байналмилалӣ аст.

Нуҳл низ баён мекунад, ки ин инфиҷорҳо ба унвони соири дастгоҳҳои таҳти ҳуқуқи байналмилал дар назар гирифта мешаванд ва дар сурати анҷом тавассути авомили давлатӣ ё афроде, ки таҳти дастури онҳо амал мекунанд, ғайриқонунӣ талаққӣ мешавад. Ин ҷиноёт, ки ёдовари террорҳову амалиётҳои махфии гузаштаи режими Исроил аст, на танҳо ноқизи ҳуқуқ инсониянд, балки нишондиҳандаи беэътиноии комили Исроил ба қавонини байналмилалӣ ва ахлоқиёти ҷангӣ аст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд дар баробари чунин иқдомоти ваҳшиёнае, ки ҷони ғайринизомиёни бегуноҳро мегираду қавонини бунёдини башариро зери по мегузорад, вокуниши қотеонае нишон диҳад.

 

Барчасп