Сафорати Эрон дар Лубнон: Ҳамлаи Исроил ба Бейрут қоъидаҳои бозиро тағйир дод
(last modified 2024-09-28T07:43:05+00:00 )
Сентябр 28, 2024 12:43 Asia/Dushanbe
  • Сафорати Эрон дар Лубнон: Ҳамлаи Исроил ба Бейрут қоъидаҳои бозиро тағйир дод

Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Лубнон зимни маҳкумияти ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба Бейрут эълом кард, ки ин ҷинояти Исроил қоъидаҳои бозиро тағйир дод.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сафорати Эрон дар Лубнон бо таъкид бар инки ҳамлаи Исроил ба Бейрут қоъидаҳои бозиро тағйир медиҳад, эълом кард:Режими Исроил боз ҳам дучори қатли оми хунине бо ҳамла ба маҳаллаҳои маскунии пурҷамъият шуд; Бидуни шак ин ҷиноят маҳкум ва ташдиди хатарноки танишҳост, ки муҷозоти муносиб барои омили он лозим аст.

 Сафорати Эрон дар Ироқ ҳам шомгоҳи ҷумъа дар баёнияе эълом кард: Ҳамла ба Зоҳияи Бейрут як ҷинояти ҷангӣ аст, ки моҳияти террористии режими саҳюнистиро мунъакис мекунад.

 Ин сафорат таъкид кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунон дар муқобили таҷовузоти режими саҳюнистӣ дар канори Лубнон ва муқовимат хоҳад буд.

 Артиши режими саҳюнистӣ аз душанбеи гузашта ҳамалоти густурдаи худ ба манотиқи мухталифи ҷануби Лубнонро оғоз карда ва ин раванд ҳамчунон идома дорад.

 

 

Барчасп