Ғайрати арабӣ; Сайидҳасан Насруллоҳ аз таваллуд то мубориза бо ДИИШ ва Исроил +тасовир
(last modified 2024-09-30T06:28:12+00:00 )
Сентябр 30, 2024 11:28 Asia/Dushanbe
  • Ғайрати арабӣ; Сайидҳасан Насруллоҳ аз таваллуд то мубориза бо ДИИШ ва Исроил +тасовир

Порс тудей - Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи рӯзи ҷумъа пас аз умре муҷоҳидат дар роҳи озодии Лубнону Фаластин, дар ҳамлаи ваҳшиёнаи саҳюнистҳо ба Зоҳияи Бейрут ба шаҳодат раcид.

Шаҳид Сайидҳасан Насруллоҳ, сеюмин дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон ва аз бунёнгузорони он дар соли 1982 буд. Ӯ пас аз шаҳодати Сайидаббоси Мӯсавӣ (шаҳодат 1992) дуюмин дабири кулли Ҳизбуллоҳи тавассути режими саҳюнистӣ, ба унвони дабири кулли ин ҳизб интихоб шуд.

Ҳизбуллоҳи Лубнон дар даврони Сайидҳасан Насруллоҳ ба қудрати минтақаӣ табдил шуд ва тавонист пас аз анҷоми амалиётҳои мутаъаддид, дар соли 2000 Исроилро водор ба ақибнишинӣ аз Лубнон кунад. Шахсияте, ки имом Хоманаӣ, Раҳбари инқилоби исломӣ аз вай ба унвони муҷоҳиди кабир, Сайид ва парчамдори муқовимат, ёд кардаанд.

Дар ин матлаб аз Порс тудей нигоҳе меандозем ба зиндагиномаи Саидҳасан Насруллоҳ:

Тасовире аз даврони кӯдакӣ ва ҷавонии Сайидҳасан Насруллоҳ

 

Зиндагӣ, таваллуд ва хонавода

Сайидҳасан Насруллоҳ аз чеҳраҳои машҳури Лубнону ҷаҳон дар 31 августи 1960 дар яке аз маҳаллаҳои шарқи Бейрут ба дунё омад. Ӯ фарзанди аршад дар миёни 9 фарзанди хонавода маҳсӯб мешуд. Падараш Саид Абдукарим ва модараш Наҳдия Сафиддин, аҳли рӯстои “бозурия”аз дар ҷануби Лубнон буданд, ки ба Бейрут муҳоҷират карда буданд.

Тасовире аз даврони кӯдакӣ ва ҷавонии Сайидҳасан Насруллоҳ

Саидҳасан Насруллоҳ дар апрели 1975 ҳамроҳи хонавода ба рӯстои Бозурия, зодгоҳи падараш нақл макон карду таҳсилоти дабиристонии худро дар он ҷо идома дод. Сайидҳасан дар 16 солагӣ бо ташвиқи Саидмуҳаммади Ғарвӣ, имоми шаҳраш ва аз дӯстони шаҳид Сайидмуҳаммадбоқир Садр (фақиҳу мутафаккири ироқии мухолифи режими Баъси Ироқ), барои фарогирии улӯми динӣ ба Наҷаф муҳоҷират кард. Саидмуҳаммад, тайи номае Сайидҳасанро ба шаҳид Садр муаррифӣ кард. Шаҳид Садр низ шаҳид Саидаббоси Мӯсавиро барои назорат ба вазъияти илмӣ ва таъмини ниёзҳои Саидҳасан Насруллоҳ гумошт.

Сайидҳасан дар соли 1978 дарсҳои муқаддамотии ҳавзаро ба поён расонд ва пас аз ду сол иқомат дар Наҷаф, ба далели фишорҳои режими Баъси Ироқ, ба Лубнон бозгашт. Ӯ бо таъсиси мадрисаи Имом Мунтазир дар соли 1979 дар Баълбак, дарсҳои ҳавзавии худро идома доду ҳамзамон ба тадрис машғӯл шуд. Сайидҳасан Насруллоҳ дар соли 1978 дар сини 18 солагӣ бо Фотима Ёсин издивоҷ кард, ки натиҷаи ин зиндагӣ 4 фарзанди писар ва як духтар шуд.

Сайидҳодӣ, фарзанди нахусти вай дар ҷараёни даргирӣ бо низомиёни исроилӣ дар ҷануби Лубнон дар соли 1997 вақте 18 сола буд ба шаҳодат расид.

Тасвире аз Сайидҳасан Насруллоҳ дар канори фарзанди шаҳидаш Муҳаммадҳодӣ

 

Фаъолиятҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ

Сайидҳасан Насруллоҳ аз солҳои нахусти ҷавониаш вориди фаъолиятҳои сиёсӣ шуд. Вай ба ҷиҳати алоқа ба имом Мӯсо Садр аз олимону андешмандони пайрави аҳли байт, ки аз Эрон ба Лубнон муҳоҷират карда ва муассиси Маҷлиси аълои шиаёни Лубнону Ҷунбиши Амал буд, ба ӯ пайваст. Имом Мӯсо Садр аз назарияпардозони ҳавзаи ҳамзистии адёну мазоҳиб буд. Саидҳасан ба ҳамроҳи бародараш Сайидҳусайн, масъӯли ҷунбиши “Амал” дар Бозурия шуд. Ҷунбише, ки барои дифо аз мардуми Лубнону муқобилаи низомӣ бо режими Исроил шакл гирифта буд.

Сайидҳасан Насруллоҳ дар идома дар соли 1982 пас аз ҳамлаи Исроил ба Лубнон ба ҳамроҳи гуруҳе дигар аз рӯҳониюни мубориз аз ташкилоти “Амал” ҷудо шуд ва бо ҳадафи муборизае фаъолонатар, Ҳизбуллоҳи Лубнонро ба унвони як ҷунбиши озодихоҳи зиддисаҳюнистӣ таъсис карданд.

Сайидҳасан Насруллоҳ аз соли 1982 то 1992 фаъолиятҳои худро дар Ҳизбуллоҳ мутамарказ кард. Вай илова бар ин ки дар Шӯрои марказии ҳизб ҳузур дошт, масъӯли омодасозии неруҳои муқовимату таъсиси ҳастаҳои низомӣ барои муқобила бо ишғолгарии режими саҳюнистӣ дар Лубнон буд. Вай муддате муовини Иброҳим Амин Ал Саид (масъули Ҳизбуллоҳ дар Бейрут) ва муддате ҳам муовини иҷроии Ҳизбуллоҳ буд.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон

Сайидҳасан Насруллоҳ, пас аз шаҳодати Сайидаббоси Мӯсавӣ, тавассути режими саҳюнистӣ дар 16 феврали 1992, бо иҷмоъи аъзои шӯрои тасмимгирии Ҳизбуллоҳи Лубнон ба унвони дабири кулли он интихоб шуд. Вай ҳангоми пазириши дабирикулии Ҳизбуллоҳи 32 сол дошт.

Тасвире аз шаҳид Насруллоҳ дар канори шаҳид Саидаббоси Мӯсавӣ

Ҳизбуллоҳи Лубнон дар замони дабирикулии Сайидҳасан ба пирӯзиҳои зиёде муқобили режими саҳюнистӣ ва гуруҳҳои террористӣ ва такфирӣ даст ёфт, ки муҳимтарин онҳо озодсозии ҷануби Лубнон дар соли 2000, ҷанги 33 рӯза дар соли 2006 ва ҳамчунин аз миён бардоштан давлати ҷаълии ДИИШ дар Ироқу Сурия бо ҳамкории шаҳид Сулаймонӣ, фармондеҳи сипоҳи Қудс аст. Ба ҳамин ҷиҳат низ ӯро Сайиди муқовимат номидаанд.

Ҳамчунин вай ба далели муқовимату пирӯзиҳои чандбора дар баробари Исроил, ба унвони маҳбӯбтарин шахсият ё раҳбар дар ҷаҳони арабу ислом дар қарни ҳозир муаррифӣ шуд.

Тасвире аз дидори шаҳид Насруллоҳ бо Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ
Тасвире аз шаҳид Насруллоҳ дар канори сардори шаҳид Ҳоҷ Қосими Сулаймонӣ

Террорҳои нофарҷом

Сайидҳасан Насруллоҳ дар солҳои масъулияташ чандин бор мавриди таҳдидоти террористӣ тавассути режими саҳюнистӣ воқеъ шуда буд. Бархе аз ин тарҳҳои террор иборатанд аз:

Террор аз тариқи масмӯмияти ғизоӣ (2004)

Бомбаборони бурҷи маҳали сукунати вай тавассути ҳавопаймоҳои исроилӣ (2006)

Инфиҷори сохтумоне, ки тасаввур мешуд, Сайидҳасан Насруллоҳ дар он ҳузур дорад тавассути ҳавопаймоҳои исроилӣ (2011)

Дар ниҳоят ин муҷоҳиди бузург ҷумъашаб дар ҳамлаи террористии режими саҳюнистӣ ба Зоҳияи Бейрут ба шаҳодат расид.

 

Барчасп