Вокунишҳо ба террори Насруллоҳ; «пуштибони Ироқ ва Сурия дар баробари ДИИШ» ва «ҳомии Фаластин дар баробари Исроил»
(last modified 2024-09-30T11:16:50+00:00 )
Сентябр 30, 2024 16:16 Asia/Dushanbe
  • Вокунишҳо ба террори Насруллоҳ; «пуштибони Ироқ ва Сурия дар баробари ДИИШ» ва «ҳомии Фаластин дар баробари Исроил»

Порстудей-Шахсиятҳо ва мақомоти мухталиф дар сатҳи ҷаҳон дар пайи эъломи хабари шаҳодати Сайидҳасан Насруллоҳ тавассути режими саҳюнистӣ паёмҳои тасалияти ҷудогонае содир карданд.

 Дафтари оятуллоҳ Систонӣ дар баёнияе бо тасалияти шаҳодати дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон эълом кард: Ин шаҳиди бузург намунае аз раҳбари камназир тайи даҳаҳои ахир буд, ки дар пирӯзӣ бар ишғолгарони исроилӣ дар озодсозии қаламрави Лубнон нақши барҷаста дошт ва аз мардуми Ироқ дар озод кардани кишваршон аз чанголи террористҳои ДИИШ пуштибонӣ кард. Ў саранҷом зиндагии арзишманди худро дар роҳи ёрии мардуми мазлуми Фаластин фидо кард.

 Николос Мадоро-раисҷумҳури Венесуэла низ дар баёнияе зимни маҳкум кардани ҷинояти режими ишғолгари Исроил гуфт: Мардуми Фаластин ва Лубнон қурбониёни наслкушӣ ва иқдомоти террористии давлати қотили Натанёҳу ҳастанд. Ҷиноёт ӯ иқдомоти Гитлерро ёдоварӣ мекунад.

 Вазорати умури хориҷаи Русия ҳам ошкоро террори дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнонро маҳкум кард ва аз Исроил хост, ба хусуматҳо дар Лубнон поён диҳад. Сергей Лавров-вазири умури хориҷаи Русия дар Маҷмаъи умумии СММ бо ишора ба террори шаҳид Насруллоҳ, аз ривоҷи амалиёти қатл бо ангезаи сиёсӣ ибрози нигаронӣ кард.

Image Caption

Саъд Ҳарирӣ-нахуствазири асбақи Лубнон дар шабакаи иҷтимоии «Х» навишт: Ин иқдоми буздилона Лубнон ва минтақаро вориди марҳилаи тозае аз хушунат ва даргирӣ кардааст. Худованд Сайидҳасан Насруллоҳро раҳмат кунад ва ба хонавода ва ҳамроҳони эшон самимона тасалият мегӯям.

 Сайид Абдулмалик Бадруддин ал-Ҳавсӣ- раҳбари Ансоруллоҳи Яман дар баёнияе эълом кард: Шаҳодати Сайидҳасан Насруллоҳ шӯълаи фидокориро бештар хоҳад кард ва натиҷаи иҷтинобнопазири он нобудии душмани исроилӣ хоҳад буд.

 Аллома Носир Аббос Ҷаъфарӣ-намояндаи маҷлиси Сенати Покистон гуфт: Ин як ҷиноят ва поймолсозии ошкори қонунҳои байналмилалӣ ва ҳамла ба ҷони ҳама инсонҳо аст. Шаҳид Насруллоҳ парчамдори бузурги муқовимат дар баробари душмани саҳюнистӣ буд ва роҳи эшон бо қудрати тамом идома хоҳад ёфт.

 Муҳаммад Шиёъ ас-Судонӣ-нахуствазири Ироқ низ бо судури баёниае эълом кард: Иқдоми ҷинояткоронаи режими саҳюнистӣ, нишондиҳандаи тамоюли ин режим ба густариши даргирӣ ва ноамнӣ дар минтақа аст. Ас-Судонӣ бо таъкид бар истодагии Ироқ канори миллати Фаластин ва Лубнон, ин мавзеъро вобаста бар машрӯъияти байналмилалӣ ва усули башардӯстона ва ҳатмияти пирӯзии миллатҳои пойбанд ба сарзамин ва тамаддуни худ донист.