Ҳушдори сафири Эрон ба Исроил дар мавриди посух ва ҳамлаи мушакии Эрон
(last modified 2024-10-05T07:13:26+00:00 )
Октябр 05, 2024 12:13 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори сафири Эрон ба Исроил дар мавриди посух ва ҳамлаи мушакии Эрон

Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ироқ ба режими саҳюнистӣ дар бораи иқдоми талофиҷуёна ва ҳаракати шаруронаи ин режим алайҳи Ҷумҳурии исломӣ ҳушдор дод.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммад Козими оли Содиқ бо баён инки сустии хонаи анкабути режими саҳюнистӣ воқеият ёфтааст, гуфт: ба режим ҳушдор медиҳем, ки агар бихоҳад иқдоми талофиҷуёна ва ҳаракати шаруронае анҷом диҳад, ба таври қатъ посухи Эрон, посухи кӯбандатар ва шадидтар хоҳад буд.

 Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ироқ таъкид кард, бо шаҳодати меҳмони Ҷумҳурии Исломии Эрон, шаҳид Исмоил Ҳания ва шаҳодати муҷоҳиди настуҳ Сайидҳасан Насруллоҳ , сабри Ҷумҳурии исломӣ ба сар расид ва алорағми хештандориҳо, шомгоҳи сешанбе (аввали октябр) дар амалиёти "Ваъдаи содиқ 2" бо садҳо мушаки баллистик қаламрави режими саҳюнистиро ҳадаф қарор дод.

 Оли Содиқ хотирнишон кард, посухи Ҷумҳурии Исломии Эрон устувор бар ҳаққи машрӯъи дифоъ аз худ бар асоси модаи 51 маншури СММ буд ва аз онҷо, ки маҷомеъи байналмилали аз ҳар гуна иқдоми боздорандаи режими саҳюнистӣ оҷиз буда ва ҳастанд, Ҷумҳурии исломӣ мустақиман аз худ дифоъ кард ва дар ҳатто ҳамалоти мушакӣ, рафтори ахлоқӣ ҳам аз худ нишон додааст.

 

Барчасп