Интиқоди Қатар аз камкории байналмилалӣ дар қиболи ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Лубнону Борикаи Ғазза
(last modified 2024-10-09T06:15:32+00:00 )
Октябр 09, 2024 11:15 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Қатар аз камкории байналмилалӣ дар қиболи ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Лубнону Борикаи Ғазза

Вазири мушовири давлати Қатар дар умӯри равобити байналмилал аз камкории байналмилалӣ дар қиболи ҷиноёти режими наслкуши Исроил дар Борикаи Ғазза ва таҷовузу ҳамлаи ин режими ишғолгар ба Лубнон интиқод кард.

Ба гузориши ИРНА, Лолва Ал Хотир, вазири мушовири давлати Қатар дар умӯри равобити байналмилал афзуд, агар бетаваҷҷӯҳии байналмилалӣ набуд, ишғолгарони режими Исроил пас аз Борикаи Ғазза ҷуръати ҳамла ба Лубнонро надоштанд.

Вай мавзеи ҷиддии ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои барқарории оташбаси фаврӣ дар Лубнону Борикаи Ғаззаро хостор шуд.

Режими наслкуши Исроил илова бар ҳамлаи дадманишона ба Борикаи Ғазза аз ҳафтуми октябри 2023, аз 23 сентябри 2024 низ ҳамалоти густардаеро ба манотиқи мухталифи ҷануби Лубнон оғоз кардааст, ки ҳамчунон идома дорад.

 

Барчасп