Ҳамлаи мушакии Ҳизбуллоҳи Лубнон ба Ҳайфа ва саккуи газии «Луётон»-и режими саҳюнистӣ
(last modified 2024-10-09T15:59:00+00:00 )
Октябр 09, 2024 20:59 Asia/Dushanbe

Ҳизбуллоҳи Лубнон минтақаи Ҳайфа ва атрофи он ва саккуи газии «Луётон»-и режими саҳюнистиро дар шимоли сарзаминҳои ишғолии Фаластин бо мӯшак ҳадаф қарор дод.

Ба гузориши ИРНА, расонаҳои режими саҳюнистӣ имрӯз (чаҳоршанбе 9 октябр) аз шиллики дастикам 10 мӯшак аз суи Ҳизбуллоҳ ба суи сарзаминҳои ишғолӣ хабар доданд. Дар пайи ин ҳамалот, занги хатар аз минтақаи Ҳайфа то минтақаи Қисория дар шимоли сарзаминҳои ишғолӣ ба садо даромад.

Ин амалиёти Ҳизбуллоҳ дар посух ба ҳамалоти таҷовузгаронаи паёпайи режими саҳюнистӣ ба минтақаи Зоҳия дар ҷануби Бейрут ва манотиқи ҷануб ва Бақоъи Лубнон сурат гирифт.

 

Барчасп