Тафсир. Таҳлили рӯзномаи исроилӣ аз шикасти тарҳи “Генералҳо” дар Ғазза
(last modified 2024-10-16T09:24:48+00:00 )
Октябр 16, 2024 14:24 Asia/Dushanbe
  • Тафсир. Таҳлили рӯзномаи исроилӣ аз шикасти тарҳи “Генералҳо” дар Ғазза

Порс-тудей. Рӯзномаи саҳюнистии “Едиот Аҳронот” дар матлабе ба далоили шикасти тарҳи “Генералҳо” дар Ғазза пардохт.

Тарҳи мавсум ба “Генералҳо” аз сӯи генерал Гиора Айленд, ки раиси собиқи Шӯрои амнияти дохилии режими саҳюнистӣ буд, аз ибтидои ҷанги Ғазза матраҳ шуд. Бар асоси ин тарҳ, манотиқи шимолии Ғазза, ки шомили манотиқи шимол бо шаҳри Ғазза ва гузаргоҳи Нитсарим аст, ба минтақаи низомии баста табдил мешавад.

Рӯзномаи саҳюнистии “Едиот Аҳронот” дар гузорише навишт: Артиши Исроил барои кӯчондани сокинони шимоли навори Ғазза бо мушкилоти бузурге рӯ ба рӯ аст.

Ба гузориши “Порс-тудей”, ба нақл аз ИРНА, бештари сокинони шимоли навори Ғазза дар муқобили кӯчи иҷборӣ аз ин минтақа муқовимат мекунанд.

Дар ҷараёни иҷрои ин тарҳ ҳудуди 600 ҳазор фаластинӣ аз манотиқи шимолӣ ва аз тариқи гузаргоҳҳои таъйиншуда, аз сӯи артиши режими саҳюнистӣ ба самти ҷануби Ғазза ронда мешаванду муҳосираи комиле бар минтақа эъмол ва барои касоне ки дар шимоли Ғазза ҳастанд, ҳеҷ кумаке ирсол нахоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол Восиф Ариқот, коршиноси низомиву умури роҳбурдӣ гуфт: Тарҳи ҷадиди Исроил дар шимоли Ғаззаи мавсум ба “Тарҳи генералҳо” авҷи ошуфтагии ишғолгарону аҳдофи воқеии онҳоро нишон медиҳад. Ишғолгарон тавони иҷрои тарҳи мавсум ба “генералҳо”-ро надоранд, ба вижа ки қаблан ҳам тавфиқе дар ин роҳ ба даст наёварданду фаластинӣ хонаи худро тарк намекунад.

Ариқот ҳадаф аз тарҳи режими саҳюнистиро ҷудо кардани фаластиниҳо аз якдигар донисту афзуд: Фаластиниҳое, ки беш аз 373 рӯз ин ҳама мусибатҳоро таҳаммул кардаанд, асири ҷанги равонӣ, таблиғот, ҷанги овозаҳову бомбаборони ҷунуномези режими саҳюнистӣ намешаванд.

Режими саҳюнистӣ ба гумони худ дар ҳоле ба дунболи иҷрои тарҳи мавсум ба “генералҳо” дар шимоли Ғазза аст, ки соҳиби ин тарҳ, яъне Гиора Айленд, генерали саҳюнист низ ба шикасти он эътироф кардааст.