Чашмандози тавсеаи равобити шарокати стратегӣ байни Тоҷикистону Беларус баррасӣ шуд
(last modified 2024-10-15T08:57:26+00:00 )
Октябр 15, 2024 13:57 Asia/Dushanbe
  • Баррасии ҳамкории шарикии стратегӣ миёни Тоҷикистон ва Белорус
    Баррасии ҳамкории шарикии стратегӣ миёни Тоҷикистон ва Белорус

Содиқи Имомӣ, муовини вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 14 октябр бо Виктор Денисенко, сафири фавқулода ва томулихтиёри Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши «Садои Хуросон», ба нақл аз Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин дидор ду тараф дар мавриди вазъият ва чашмандози тавсеаи равобити мушорикати стратегӣ байни Тоҷикистон ва Беларус дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷорӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва башардӯстонаву тазмини ҳимоят аз ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистони муқими Беларус баҳсу табодули назар карданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин дар мавриди ҳамкории байни ду кишвар дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ, Комиссияи байнидавлатии тиҷорат ва масоили иқтисодии Тоҷикистону Беларус гуфтугӯ карданд.

 

Барчасп