Нигоҳӣ ба румони пурфуруши Хору Мехаки навиштаи фармондеҳи шаҳид Яҳё Синвор / Асари ҳазф шуда аз Амазон
(last modified Sun, 20 Oct 2024 08:36:44 GMT )
Октябр 20, 2024 13:36 Asia/Dushanbe
  • Нигоҳӣ ба румони пурфуруши Хору Мехаки навиштаи фармондеҳи шаҳид Яҳё Синвор / Асари ҳазф шуда аз Амазон
    Нигоҳӣ ба румони пурфуруши Хору Мехаки навиштаи фармондеҳи шаҳид Яҳё Синвор / Асари ҳазф шуда аз Амазон

Порс тӯдей - Синвор илова бар навиштани румони Хору мехак , 5 китоби дигарро ҳам аз забонҳои ибрӣ ва англисӣ тарҷума кард ва яке аз пуркортарини зиндониёни сиёсии ҷаҳон дар заминаи адабиёт маҳсӯб мешавад .

Синвор ба унвони як фармондеҳи дар майдон , диди фарҳангӣ ва адабии бузургӣ дошт . Ӯ мутарҷиму нависандаи чандин китоб буд .

Ба гузориши Порс тўдей , Алии Салимӣ дар Рӯзномаи онлайни Ҳамшаҳрӣ дар ин замина навишт : Дар он сӯии чеҳраи низомӣ ва сиёсии Яҳё Иброҳим Ҳасани Алсинвор , маърӯф ба Яҳё Синвор , чеҳраи ҳунарманди ӯ рунамоӣ мекунад ки аҳли андеша , тафаккуру фарҳанг ва адабаст ва соҳиби чандини ҷилди китоби таълифӣ ва тарҷумае ки ӯ ин осори адабиро дар замони нисбатан тӯлонии зиндонӣ будан дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ таълиф ва мунташир кардааст .

Синвор ки аз ҳамон даврони навҷвони вориди муборизоти мардумӣ барои озодии Фаластин шуда буд , дар соли 1988 тайи амалиёте тавассути артиши режими саҳюнистӣ дастгир ва ба чаҳор бори ҳабси абад маҳкӯм шуд ! Ӯ то соли 2011 дар зиндонҳои Исроил ба сар мебараду чизе ҳудӯди 22 сол аз зиндагонии худро дар зиндонҳои махуфи режими саҳюнистӣ гузаронад ва аммо дар ин муддат бекор нанишаст ва дар зиндонҳои Исроил забони ибриро ёд гирифт ва шурӯ ба навиштани як асари адабӣ кард .

Румони « Хору мехак » ҳосили ҳамон таҷрибаозмоии ӯ дар ҳавза адабиёт аст, ки дар зиндон , ин румонро навишт . Румоне, ки пас аз қароргирифтан дар листи пурфурушҳои Амазон , бо фишори режими саҳюнистӣ аз тамоми сайтҳо ҳазф шуд .

Вакилони Британиа барои Исроил ( UKLFI ) ба Амазон гуфта буданд ки ин кор ғайриқонӯнӣ аст . Дар 18 аврели 2024 UKLFI ба Амазон итилоъ дод ки қавонини зидди тероризми Британиаро нақз мекунад ва аз Амазон шикоят карду рӯзи баъд , Амазон китобро аз фурӯш хориҷ кард .

Албата Синвор илова бар навиштани румони Хору Мехак , 5 китоби дигарро ҳам аз забонҳои ибрӣ ва англисӣ тарҷума кард ва яке аз пуркортарини зиндониёни сиёсии ҷаҳон дар заминаи адабиёт маҳсӯб мешавад . Бисёре аз атрофиёни ӯ , ӯро як шахсияти фарҳангӣ медонанд ки дар қолабии ҳамосӣ , размӣ ва ҷангандаи зоҳир шудааст .

Румони « Хору Мехак »

Румон « Хору Мехак » дар соли 2004 дар яке аз зиндонҳои Исроил дар «Беер Шива » навишта шудааст . Номи « Хору мехак » ин китоб , намоди аз зиндагонӣ дар Ғазза аст . Зиндагӣ дар Ғазза шомили дардҳо ва сахтиҳоӣ аст ки нишондиҳандаи хораст ва нависанди онро бо мехаки омехта, ки намоёнгари шодӣ аст .

Унвони ккалишаи ин асар ,   Хору Мехак  , унвони дутоӣ аст ки дар адабиёти зиндагиномаи ахири арабӣ бисёр роиҷ аст то таҷрибиёти мутазоди зиндагиро ба хубӣ нишон диҳад . Дар ин румон :Иишқу хушунат , умеду ноумедӣ , латофату қудрат ба тасвир кашида мешаванд .

Хору Мехак , достони як сафари омӯзишӣ ва  такомули маънавиро ривоят мекунад ки аз дидгоҳи мардӣ ба номи « Аҳмад » ривоят мешаваду достони ду хонавода дар Ғаззабва  Алхалил ва ду ҷунбиши муқовимат дар ҳам танидааст . Достонӣ вобаста ба зиндагонии Синвор .

Нависанда дар пешгуфтори он менависад : « Унсури тахайюлӣ дар ин асар сирфан табдили он ба як румон аст . . . Ҳамаи чиз , дигар ба ҳамон андоза воқеӣ аст ки ман онро зиста ё шунидаам ва ровиёнаш онро дар сарзамини азизамон Фаластин зиндагӣ карда ва шунидаанд . » Моҷароҳои ин румон , дуруст қабл аз шикасти 1967 оғоз мешавад ; замоне, ки навори Ғазза таҳти мудирияти Миср буд .

Аҳмад , ровии румон , дидгоҳии дӯстонаи нисбат ба сарбозони мисрӣ дорад ва муътақид аст артишҳои арабӣ Исроилро дар ҳам хоҳанд шикасту Фаластинро озод хоҳанд кард то паноҳандагони он битавонанд ба хонаҳои худ бозгарданд . Бо ин ҳол , вақте онҳо шикаст мехуранд , шоки мешавад . Ровӣ , шурӯи муқовимат дар баробари ишғолгарии Исроилро бозгӯ мекунаду партоби бомбҳо алайҳи гаштҳои артиши Исроилро тавсиф мекунад, ки барои вуруд ба хиёбонҳо ва кӯчаҳои борики урдӯгоҳи оворагони Алшатти ( маҳали вуқуъи румон ) чӣ мусибатҳои кашидаанд .

Падару амаки Аҳмад ( ровии румон ) ҳангоми набард бо артиши Исроил кушта мешаванд ва пас аз ин , ӯ худро дар хонае мебинад ки бо модар , бародарон , хоҳару падарбузургаш ҳамроҳ бо писарамӯҳояш ки модарашон пас аз издивоҷ онҳоро тарк карда , зиндагӣ мекунад ва ҳоло масъӯлияти ҳама бар дӯши ӯст !

Аҳмад , аз тариқи Маҳмӯд , бародари бузургтар , ба СОФ ( созмони озоди бахши Фаластин ) мепайвандад , аммо пас аз бозгашт аз Миср , боздошт мешавад . Писарамӯи ӯ , Иброҳим , мукарраран бо шахсияте ба номи шайх Аҳмади Ёсин мулоқот мекунад, ки яке аз поягузорон Ҳамос аст ки дар соли 2004 тавассути Исроил террор шуд.

Ин румони илова бар халқи саҳнаҳои ҳамосӣ аз муқовимат , бархе масоили иҷтимоии фаластиниҳоро ҳам баён кардааст . Барои мисол , дар ин румон , ба интихоби сахти бархе аз оворагони фаластинӣ барои кор дар Исроил ишора мешавад ки бархе онро фурсатӣ барои беҳбуди шароити зиндагии худ барои хонаводаи худ медонистанд , дар ҳоле, ки барои бархе дигари хиёнат маҳсӯб мешуд. 

Аз сӯйи дигар , дар муколимоти миёни Аҳмаду соири шахсиятҳо , бархе масоили эътиқодӣ ва ихтилофот гуфтумоне миёни бархе фаластиниҳо ва дидгоҳи шани нисбат ба соири гуруҳҳои муқовимат ташреҳ мешавад . Бисёре аз таҳлилгарон муътақиданд Синвор дар ин китоб , ба худаш ҳам пардохтааст .

Синвор  масъӯли шиносоии авомили исроилӣ дар зиндагии воқеӣ буд ва « Абӯ Иброҳим » номи ҷангӣ ва лақаби Синвор буд ! Номе, ки дар румон масъӯлияти муҳиммиро бар ӯҳда дорад . Синвор дар ин китоб , ба содагӣ ва фақри зиндагии фаластиниҳо ба таври муфассал мепардозад .

Барчасп