Идомаи ҳамлаҳои режими Исроил ба ҷануби Лубнон
(last modified Sat, 09 Nov 2024 07:06:40 GMT )
Ноябр 09, 2024 12:06 Asia/Dushanbe
  • Идомаи ҳамлаҳои режими Исроил ба ҷануби Лубнон

Ҳамлаҳои артиши режими саҳюнистӣ ба ҷануби Лубнон ҳамчунон идома дорад.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар ҳамалоти рӯзи ҷумъаи режими саҳюнистӣ ба шаҳри Сувр, ҷануби Лубнон камаш 6 нафар шаҳид ва 38 нафар захмӣ шуданд.

 Манбаъҳои хабарӣ ҳамчунин аз 11 навбат ҳамлаӣ режӣмӣ саҳюнистӣ ба Зоҳия дар ҷануби Бейрут хабар доданд.

 Ин ҳамлаҳо пас аз он рӯй медиҳад, ки сухангӯи артиши режими саҳюнистӣ аз сокинони бархе аз маҳаллаҳои ин минтақа хоста буд, ки ин манотиқро тарк кунанд.

Режими саҳюнистӣ имрӯз шанбе низ атрофи донишгоҳи Лубнон дар ҷануби Бейрутро ҳадаф қарор дод.

 Таҷовузи ошкори режими саҳюнистӣ ба ҷануби Лубнон дар шароите идома дорад, ки Вазорати беҳдошти Лубнон рӯзи ҷумъа шумори шаҳидони ҳамалот режими саҳюнистӣ ба Лубнонро 3 ҳазору 150 нафар ва шумори захмиҳоро 13 ҳазору 888 нафар эълом кард.

 Артиши режими саҳюнистӣ 23 сентябр ҳамалоти густурдаеро ба манотиқи мухталифи ҷануби Лубнон оғоз кард, ки ҳамчунон идома дорад.

Ҳизбуллоҳи Лубнон дар муқобили ҳадаф қарор гирифтани ғайринизомиён дар ин кишвар амалиётҳои гуногуне зидди мавозеъ ва шаҳракҳои саҳюнистнишин дар шимоли Фаластини ишғолӣ анҷом додаанд ва бо партоби садҳо мушак, мавозеъи артиши режими саҳюнистиро мушакборон кардаанд.

.