Дархости расонаҳои исроилӣ аз кабинаи Натанёҳу барои таваққуфи ҷанг дар Ғазза
Расонаҳои исроилӣ бо интиқод аз бетаваҷҷӯҳии кабинаи Бенёмин Натанёҳу нисбат ба фароҳам кардани озодии асирони исроилӣ дар борикаи Ғазза, таваққуфи ҷангро хостор шуданд.
Рӯзномаи “Ҳааретз”, чопи сарзаминҳои ишғолшуда аз сӯи саҳюнистҳо навишт: Авзои нобасомони асирони исроилӣ дар шароите аст, ки кобинаи Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил аҳамияте ба асирон намедиҳад.
Ин рӯзномаи исроилӣ менависад, нахуствазири режими саҳюнистӣ ба фикри бақои худ дар қудрат асту поён додан ба ҷанг дар Ғазза ва озодсозии асирон метавонад барои ӯ пурҳазина бошад.
Рӯзномаи исроилии “Едиот Аҳронот” низ гузориш дод, ки ҳамалоти мушакии Ҳизбуллоҳи Лубнон ба минтақаи Кариот Шимуно хисоратҳои зиёде ба бор овардааст ва ин шаҳрак, ки солҳо мунтазири бозсозӣ буд, бори дигар дар натиҷаи мушакҳои шилликшуда аз сӯи Ҳизбуллоҳи Лубнон вайрон шудааст.
Шабакаи 12 телевизиони Исроил низ дар гузорише эълом кард: Артиши Исроил барои идомаи амалиёту муқобила бо ҳамалоти гуруҳҳои муқовимати Лубнон ба 10 ҳазор низомии дигар ниёз дорад.
Ин расонаи исроилӣ бо эъломи инки низомиёни захираи артиш таҳти фишори рӯҳии шадид қарор доранд, афзуд: Як сеюми куштаҳои артиши Исроил шомили низомиёни захира ва кушта шудани шуморе аз афсарон бар короии фармондеҳии артиш дар майдони набард таъсир гузоштааст.