Намояндаи лубнонӣ: «Тавофуқи чорчӯб» ботил ва беэътибор аст
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i125046-Намояндаи_лубнонӣ_Тавофуқи_чорчӯб_ботил_ва_беэътибор_аст
Порс Тудей — Узви фраксияи «Вафодорӣ ба муқовимат» дар парлумони Лубнон бо интиқоди шадид аз иқдоми мақомоти ин кишвар дар имзои тавофуқ бо режими саҳюнистӣ таъкид кард, ки «тавофуқи чорчӯб» ботил ва беэътибор аст.
(last modified 2026-07-01T09:46:58+00:00 )
Июл 01, 2026 14:43 Asia/Dushanbe
  • Иброҳим Ал-Мусавӣ, намояндаи парлумони Лубнон ва узви фраксияи «Вафодорӣ ба муқовимат»
    Иброҳим Ал-Мусавӣ, намояндаи парлумони Лубнон ва узви фраксияи «Вафодорӣ ба муқовимат»

Порс Тудей — Узви фраксияи «Вафодорӣ ба муқовимат» дар парлумони Лубнон бо интиқоди шадид аз иқдоми мақомоти ин кишвар дар имзои тавофуқ бо режими саҳюнистӣ таъкид кард, ки «тавофуқи чорчӯб» ботил ва беэътибор аст.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз ИРНО, Иброҳим Ал-Мусавӣ, намояндаи парлумони Лубнон ва узви фраксияи «Вафодорӣ ба муқовимат» гуфт, мақомоти лубнонӣ дар муқобили шуҷоат, сабр ва пойдории ҷомеаи муқовимат ва диловарии размандагон, носипос буда ва фидокориҳои онҳоро бо арзон фурӯхтани худ ва таслим шудан дар баробари диктаҳои Амрико ва хидмат ба проекте саҳюнистӣ посух доданд. Ин иттифоқ пас аз он рух дод, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон барои ҳифзи манофеи Лубнон ва эҷоди оташбас ва ақибнишинии душмани исроилӣ аз хоки Лубнон, вориди амал шуд.

Ал-Мусавӣ таъкид кард, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунон дар мавзеи худ собитқадам ва тазалзулнопазир аст.

Ин намояндаи лубнонӣ хотирнишон кард, ки «тавофуқи чорчӯб» тавофуқе аз сари таҳқир, шарм, сарсупурдагӣ ва таслим аст; ин тавофуқнома ботил ва беэътибор аст, зеро номашрӯъ таваллуд шуд ва қонуни асосӣ ва мисоқи миллиро нақз мекунад.