Март 05, 2017 19:09 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Созмони ҳамкории исломӣ дар бораи иқдомоти режими саҳюнистӣ дар Масҷидулақсо

Намояндаи Созмони ҳамкории исломӣ дар Фаластин бо ҳушдор дар бораи иқдомоти ахири режими саҳюнистӣ дар Масҷидулақсо гуфт, ин иқдомот оғози иҷроии бахши ҷадиде аз тавтеаи саҳюнистҳо зидди Масҷидулақсо аст.

Ба гузориши вебгоҳи Алхалиҷ Онлайн, Аҳмад Алравизӣ, намояндаи Созмони ҳамкории исломӣ дар Фаластин таъкид кард: Мақомҳои режими саҳюнистӣ бо қарор додани як утоқи шишаӣ дар саҳни Масҷидулақсо, тақсими маконии ин масҷидро оғоз кардаанд .

Намояндаи Созмони ҳамкории исломӣ дар Фаластин афзуд: Насби утоқи шишаӣ дар саҳни Масҷидулақсо, тақсими маконии онро дунбол мекунад ва ин иқдом пас аз таҳмили тақсими замонии ин масҷид аз тариқи юришҳои рӯзонаи шаҳракнишинони саҳюнист шакл мегирад .

Масҷидулақсо ба ҷавлонгоҳи низомиён ва шаҳракнишинони саҳюнист барои аз байн бурдани ҳуввияти исломӣ ва масеҳии Байтулмуқаддас ва ҷойгузин кардани он бо намодҳои саҳюнистӣ табдил шудааст .

 

Барчасп