Пушаймонии “маликаи шиканҷагар”-и ДИИШ
(last modified Thu, 09 Mar 2017 14:13:15 GMT )
Март 09, 2017 19:13 Asia/Dushanbe
  • Пушаймонии “маликаи шиканҷагар”-и ДИИШ

Полиси Ироқ аз дастгир кардани зане хабар дод, ки дар гурӯҳи террористии ДИИШ масъули “шаллоқи занон” дар Мусил буд ва инак аз кори худ пушаймон аст.

Ба гузориши шабакаи “Рус-ал-явм”, Ёс Хосир, зани 26 -солаи ироқӣ аст, ки ба унвони "маликаи хушунат" дар Мусил шинохта мешавад.

Ин зани ироқӣ ба муддати дувуним сол ба дастури террористҳои ДИИШ занони дастгиршуда аз сӯйи ин гурӯҳи террористиро шиканҷа мекард.

Ёс Хосир гуфт: “Дар ҳафтае алайҳи ҳудуди 50 зан, ки ба иртикоби ҷурм алайҳи ДИИШ маҳкум мешуданд, муҷозоти шаллоқ ё чӯб ҷорӣ мекардаму ДИИШ барои ҳар нафар ба ман 50 динори ироқӣ дастмузд медод”.

Дар манотиқи таҳти султаи гурӯҳи террористии ДИИШ занон ба хотири пайдо будани муч (буҷул)-и пояшон, сурма кашидан аз зери ниқоб, сигор кашидан ё хондани ашъори мамнӯа муҷозот мешуданд.

Вай гуфт, ки ангезааш аз пазириши ин кор ниёз ба пул будааст.

Хосир ҳамакнун дар зиндони Эрбили Ироқ, дар боздошт ба сар мебарад ва аз кори худ дар шаллоқ задани занон ибрози пушаймонӣ кардааст.

Ин зани шиканҷагари ДИИШ гуфтааст, ки ҳаргиз ба шаҳраш барнамегардад, зеро хонаводаву ҷомеааш ӯро намепазиранд.

 

Барчасп