Май 25, 2017 11:36 Asia/Dushanbe
  • Ироқ дархости режими Баҳрайнро дар бораи Исо Қосим рад кард

Ироқ пешниҳоди режими Оли Халифаро барои табъиди шайх Исо Қосим, рӯҳонии аршади баҳрайнӣ рад кардааст.

Ба гузориши шабакаи “Ал-маёдин”-и Лубнон, манобеи дипломатӣ дар Ироқ эълом карданд, ба тозагӣ паёми дархости давлати Баҳрайн барои табъиди шайх Исо Қосим ба Ҳайдар Ал-Ибодӣ, нахуствазири Ироқ ирсол шуда, ки Бағдод ба шиддат бо он мухолифат кардааст.

Дар ин гузориш ба ҷузиёти бештаре аз мавзӯъ ишора нашудааст.

Ҳамлаи низомиёни режими Оли Халифа ба манзили шайх Исо Қосим ва куштаву захмӣ шудани теъдоде аз мусалмонони баҳрайнӣ ба дасти нерӯҳои амниятии оли Халифа, бо вокунишҳои тунди мақомоту шаҳрвандони кишварҳои мухталиф рӯбарӯ шуд.

Мардуми манотиқи мухталифи Баҳрайн шомгоҳи чаҳоршанбе низ бори дигар дар ҳимоят аз шайх Исо Қосим тазоҳурот ва дар бархе манотиқ нерӯҳои амниятии Баҳрайн ба шаҳрвандон ҳамла карданд.

Бар асоси гузориши бархе расонаҳо, ҳеч хабаре аз вазъияти марҷаи динии баҳрайниҳо дар даст нест.

Режими Оли Халифа якшанбеи гузашта шайх Исо Қосимро ба як соли ҳабс ва мусодираи амволаш маҳкум карду сипас нерӯҳои амниятии Баҳрайн асри сешанбе ба маҳалли зисти шайх Исо Қосим ҳамла карданд, ки дар ин даргириҳо панҷ тан кушта, беш аз 200 нафар захмӣ ва ҳудуди 300 нафар боздошт шуданд.

 

Барчасп