Иддаои беасоси Эрдуғон дар бораи тавсеаталабии Эрон
Раиси ҷумҳурии Туркия дар як гуфтугӯи телевизионӣ Эронро ба “тавсеаталабии форсӣ” дар Ховари миёна муттаҳам кард.
Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳурии Туркия дар дар мусоҳиба бо шабакаи ОРТП-и Португалия нақши Эрону ҳамкориҳояш дар ҳалли буҳронҳои Сурияву Ироқро ба расмияти шинохт, аммо дар иддаои беасос Теҳронро ба тавсеаиталабӣ дар Ховари миёна муттаҳам ва онро маҳкум кард.
Эрдуғон гуфт; “Сурияву Ироқ саҳнаи бозӣ барои тавсеаталабии Эрон аст ва ман ин масъаларо тавсеаталабии форсӣ медонам то тавсеаталабии фирқаӣ.”
Вай дар айни ҳол бо ишора ба ҳамкории Эрон, Туркия ва Русия дар мавзӯи Сурия таҳти музокироти Остона таъйид кард, ки мушкилот дар Ироқ бидуни Эрон ҳал нашуданӣ аст ва канор гузоштани Эрон аз иқдомот барои поён додан ба ҷанги Сурия ба нафъи ҳеч касе нест, зеро давлати Сурия бо Эрон кор мекунад.
Раиси ҷумҳурии Туркия дар ин гуфтугӯи телевизионӣ бори дигар аз Иёлоти Муттаҳида ва Арабистони Саудӣ хост, ба фароянди музокироти сулҳи Сурия дар Остона бипайванданд.