Боздошти аъзои яке аз хатарноктарин ҳастаҳои террористии ДИИШ дар Лубнон
Нерӯҳои амниятии Лубнон муваффақ шуданд, яке аз хатарноктарин ҳастаҳои террористии ДИИШ-ро дар ин кишвар шиносоӣ кунанд.
Ба гузориши рӯзи шанбеи пойгоҳи хабарии Алъолам, генерал Тони Салиба, мудири идораи кулли амнияти Лубнон эълом кард: Аъзои ин ҳастаи террористии ДИИШ ва Умар Мустафо, саркардаи он, наздики урдугоҳи Бурҷ Албароҷна дар Зоҳияи ҷанубии Бейрут, пойтахти ин кишвар дастгир шуданд .
Мудири идораи кулли амнияти Лубнон тасреҳ кард: Умар Мустафо, саркардаи гурӯҳи террористии ДИИШ, ки ҳамаи таҳаррукоти артиши Лубнонро таи солҳо зери назар дошт, таи амалиёте ғофилгирона боздошт шуд .
Генерал Тони Салиба изҳор кард, боздоштшудагон қасд доштанд, ба истилоҳ хилофати ДИИШ-ро дар Лубнон эҷод кунанд .
Мудири идораи кулли амнияти Лубнон афзуд: Умар Мустафо ба таври мустамар бо аъзои гурӯҳи террористии ДИИШ дар хориҷи Лубнон ба вижа дар Раққаи Сурия дар иртибот буд .