Қатар санади ҳимояти Саудӣ ва Иморот аз террористҳоро фош кард
(last modified Wed, 12 Jul 2017 09:09:27 GMT )
Июл 12, 2017 14:09 Asia/Dushanbe
  • Қатар санади ҳимояти Саудӣ ва Иморот аз террористҳоро фош кард

Шабакаи “Ал-Маёдин” гузориш дод, Қатар аснодеро ифшо кардааст, ки нишон медиҳад Арабистон ва Иморот аз террористҳои Ал-Қоида ва ДИИШ дар Яман ҳимоят мекунанд.

Ба гузориши ИРНА, шабака “Ал-Маёдин” имрӯз гузориш дод, ин асноди дипломатӣ, ки аз Сафорати Қатар дар Вашингтон берун омадааст ва дар 26-уми  октябр дар ихтиёри Муҳаммад ибни Абдураҳмон оли Сонӣ, вазири хориҷаи Қатар қарор гирифтааст, нишон медиҳад, ки Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Саудӣ ва Муҳаммад ибни Зоид, валиаҳди Иморот аз бархе саркардагони террористҳои Ал-Қоида ва ДИИШ дар Яман ҳимоят мекунанд.

Бар асоси ин аснод, муовини вазири хазонадории Амрико дар умури терроризм гуфтааст, ки ибни Салмон ва ибни Зоид бо Алиабкар ал-Ҳасан ва Абдуллоҳ Файсал ал-Аҳадали яманӣ, ки номашон дар феҳристи амрикоии афроди муртабит бо созмони террористии Ал-Қоида аст, иртиботи давомдор доштаанд.

Дар ин аснод ҷузъиёте аз фаъолиятҳои ду саркардаи созмони Ал-Қоида ва ҳамчунин кӯмакҳои молии мустақими раиси Созмони иттилоот ва амнияти Саудӣ ба Алиабкар барои хариди таҷҳизот ва ироаи он ба аъзои ДИИШ оварда шудааст.

Муовини вазири дороии Амрико аз иртиботи ибни Салмон бо гурӯҳҳои ифротии Ал-Қоида ва гурӯҳҳои террористии дигар бидуни ҳамоҳангӣ бо Вашингтон ибрози нигаронӣ кардааст.