ДИИШ дар мадориси худ матнҳои дарсии Арабистонро тадрис мекард
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i20310-ДИИШ_дар_мадориси_худ_матнҳои_дарсии_Арабистонро_тадрис_мекард
Намояндаи Конгресси Амрико фош кард, гурӯҳи террористии ДИИШ дар мадориси худ матнҳои дарсии Арабистонро тадрис мекард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 20, 2017 13:35 Asia/Dushanbe
  • ДИИШ дар мадориси худ матнҳои дарсии Арабистонро тадрис мекард

Намояндаи Конгресси Амрико фош кард, гурӯҳи террористии ДИИШ дар мадориси худ матнҳои дарсии Арабистонро тадрис мекард.

Ба гузориши радио тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи телевизионии Алҷазира, Тэд По- раиси Комиссияи фаръии мубориза бо терроризм ва манъи силоҳи ҳастаӣ дар Маҷлиси намояндагони Амрико, дар нишасти “баррасии матнҳои омӯзишӣ дар Арабистон” тасреҳ кард, вазорати умури хориҷаи Амрико дар талошҳояш барои водор кардани Арабистон ба пойбандӣ ба мубориза бо терроризм ва ифротгарӣ ноком будааст.

Намояндаи Конгресси Амрико бо баёни ин ки Арабистон дар ҳавзаи ифротгарӣ, ҳамзамон нақши оташафрӯз ва оташнишонро ифо мекунад, афзуд, матнҳои омӯзишии Арабистон илҳом гирифта аз афкоре буд, ки асоси фикрии созмонҳои террористӣ, монанди ДИИШ ва Алқоидаро ташкил медиҳад.