Режими Оли Сауд бо хатари ҷиддии фурупошӣ мувоҷеҳ аст
(last modified Sun, 30 Jul 2017 11:52:50 GMT )
Июл 30, 2017 16:52 Asia/Dushanbe
  • Режими Оли Сауд бо хатари ҷиддии фурупошӣ мувоҷеҳ аст

Нависандаи италияӣ бо ишора ба мушкилоти дохилӣ ва хориҷии Арабистони Саудӣ тасреҳ кард, режими Оли Сауд бо хатари ҷиддии фурупошӣ мувоҷеҳ аст.

Сало Адеритзоне, рӯзноманигори италияӣ дар мусоҳиба бо радиои италияии бурунмарзӣ гуфт, Малик Салмон, подшоҳи Арабистон дар ҳоле бархилофи суннати подшоҳӣ, писари худ Муҳаммад ибни Салмонро ба унвони валиаҳд интихоб кард, ки дар ҷанги Яман кӯчактарин муваффақияте касб накардааст ва агар тамоми сиёсати кишвари Арабистонро ба даст гирад, хатари суқути хонадони Оли Сауд бештар хоҳад шуд .

Ин соҳибназари масоили Ховари Миёна афзуд, Арабистон дар Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс ҳам, ки рӯзе ҳокими бечуну чарои он буд, бо инқилоби Баҳрайн ва таниш дар равобити Қатар рӯ ба рӯст.  

Адеритзоне ба мушкилоти иқтисодии Арабистон ишора карду гуфт, коҳиши қиммати нафт, ҳазинаҳои ҷанги Яман ва ҳазинаҳои ношӣ аз сиёсатҳои танишофарин ва моҷароҷуёнаи Арабистон бо Эрон, Қатар ва Русия, буҳрони иқтисодии ин кишварро рӯзафзун кардааст .

Ин рӯзноманигор афзуд, Арабистон дар чунин шароите бо хариди 110 миллиард долларии силоҳ аз Амрико, ки рақами он то 300 миллиард доллар ҳам хоҳад расид, маҷбур аст, ба системаи иқтисодӣ-санъатӣ ва молии Амрико боҷ пардохт кунад, то муттаҳиди аслии Амрико дар минтақа боқӣ бимонад .