Август 12, 2017 21:19 Asia/Dushanbe
  • Вабо, муҳосира ва таътилии фурӯдгоҳи Санъо, секунҷаи ҳадафманди куштори мардуми Яман

Вазъияти инсонии Яман бо гузашти 30 моҳ аз ҷангафрузии режими ‌Саудӣ, вазъияте ғамнокро ба тасвир мекашад ва дар чунин шароите, ҷомеаи ҷаҳонӣ фақат назорагари ҷонбохтани мардуми Яман аст.

Густариши бемории кушандаи вабо дар Яман, дар сояи набудии ҳадди ақали меъёрҳои беҳдоштӣ, вазъияти инсонӣ дар ин кишварро ғайри қобили тавсиф карда ва акнун вабо дар канори таҷҳизоти модерн ва силоҳҳои мамнуа, ба абзоре барои куштори ҳадафманди яманиҳо табдил шудааст.

Дар ҳамин замина, шабакаи хабарии Алъолам дар гузорише вижа дар бораи шуюи бемории вабо дар Яман эълом кард: Мубталоён ба вабо ба дунболи дармон дар пиёдаравҳо саргардон ҳастанд ва обҳои олуда ва зуболаҳо ҳам Яманро ба сарзамине табдил карда, ки вабо дар он дар ҳоли густариш аст, ҷустуҷу барои ёфтани оби солим ба дағдағаи хотири яманиҳо табдил шуда ба вижа инки чоҳҳо ва биркаҳои об ба таври ҳадафманд олуда шудааст .

Як яманӣ аз миёни 120 яманӣ, ки ҳар рӯз ба вабо мубтало мешавад, ҷони худро аз даст медиҳад ва ҳудуди ду ҳазор яманӣ аз авохири апрели гузашта токунун ҷони худро бар асари ибтило ба ин беморӣ аз даст додаанд. Беш аз 400 ҳазор яманӣ ҳам ба бемории вабо мубтало ҳастанд. Густариши бемории вабо дар Яман нишон медиҳад, ин беморӣ, сиёсате барномарезишуда барои таҳаққуқи аҳдофи мутаҷовизони Саудӣ дар ин кишвар аст. Дар ҳамин чорчуб, пойгоҳи хабарии Transcend Media Services ахиран дар гузорише навишт: Бемории вабо дар Яман ба шакли густардае шуюъ ёфтааст ва манобеи об ва системаи фозилоб бар асари ҳамалоти ҳавоии Арабистон нобуд шуда ва олуда шудани манобеи оби ошомиданӣ ба бактерияи хатарноки “Вибрио Колера” барои Амрико ва Арабистон ба абзоре барои террори мардуми Яман табдил шудааст .

Ончи вазъияти кунунии Яманро дар натиҷаи густариши бемории вабо, тадовуми муҳосираи ямани‌ҳо ва аз ҳама муҳимтар таътилии фурӯдгоҳи байналмилалии Санъо ба тасвир мекашад, сиёсати ҳадафманди мутаҷовизони Саудӣ-амрикоӣ дар қатли оми яманиҳост. Бетаваҷҷуҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вижа Созмони милал дар қиболи ин фоҷеаи инсонӣ ба маънии ҳамроҳии онон бо наслкушии саудиҳо дар Яман аст, ки ҳеч ибое аз куштори мардуми Яман таҳти унвони террори биологӣ надоранд.

Вазъият вақте асафбортар мешавад, ки Стефан Дужарик, сухангуи Созмони милал мегӯяд, ин созмон масъулияте дар қиболи фурӯдгоҳи байналмилалӣ Санъо надорад. Таътилии ин фурӯдгоҳ, илова бар инки буҳрони амнияти ғизоӣ ва беҳдоштӣ дар Яманро дучандон кардааст, такмилкунандаи тарҳи густариши бемории вабо дар Яман аст, ки монеи эъзоми беморон ба хориҷ аз Яман барои дармон мешавад. Ба гузориши манобеи яманӣ , беш аз сездаҳ ҳазор яманӣ ба далели онки натавонистанд ба хориҷ аз кишвар мунтақил шаванд ё ба далели онки бархе аз доруҳои мавриди ниёзашон аз хориҷ аз кишвар ворид нашудааст, ҷонашонро аз даст додаанд .

Дар ҳамин замина, Мария Антония Калво, раиси дафтари намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Санъо сешанбеи гузашта изъон кард: “Идомаи таътилии фурӯдгоҳи байналмилалии Санъо, осеби фаровоне ба масолеҳи мардуми Яман ворид мекунад ва авзоъ дар ин кишвар ба дараҷаи фоҷеаборе расидааст”.

 

 

Барчасп