Декабр 09, 2017 15:19 Asia/Dushanbe
  • Чароӣ ва паёмадҳои мавозеи муғризонаи Трамп дар бораи Қудс

Ба мувозоти мухолифатҳои ҷаҳонӣ бо иқдомоти Трамп, эътирозоти густардаи фаластиниҳо ва афкори умумии минтақа ба иқдомоти Амрико ҳамчунон дар конуни таваҷҷуҳоти ҷаҳонӣ қарор дорад. Ин эътирозот дар ҳолест, ки режими саҳюнистӣ бо ташдиди саркубҳо дар ҳафтаҳои гузашта дарсадад буд, ки монеъ аз ҳаргуна эътирозоти мардуми Фаластин ба иқдомоти таҳрикомези Амрико дар ҳимоят аз ин режим шавад.

Бо вуҷуди мухолифатҳои густарда, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи чаҳоршанбе дар як иқдоме таҳрикомез тасмими худро барои ба расмият шинохтани Қудс ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ ва шуруи раванди интиқоли сафорати ин кишвар аз Тел Авив ба Қудс эълом кард.

Конгресси Амрико дар 23 октябри 1995 тарҳи интиқоли сафорати Амрико ба Қудсро тасвиб карда буд .

Қудс аз назари қатъномаҳои Созмони милал арозии ишғолшуда маҳсуб мегардад. Иқдоми Амрико дар ба расмият шинохтани Қудс баунвони пойтахти режими ишғолгари Қудс, нақзи ошкори қатъномаҳои байналмилалӣ аст.

Фориғ аз ваъдаи интихоботӣ, ки Трамп дар ин замина барои хушоянди саҳюнистҳо матраҳ сохтааст, таваҷҷуҳ ба замонбандӣ барои иттихози чунин тасмиме дар канори таҳаввулоти байналмилалии суатгирифта дар минтақаи ғарби Осиё ва ҷаҳони ислом дар ин иқдом муассир будааст.

Аз манзари таҳаввулоти дохилии Амрико, ин иттифоқ замоне сурат мегирад, ки парвандаи расвоии иртиботи Трампу наздиконаш бо Русия дар садри хабарҳо қарор гирифтааст. Бисёре аз таҳлилгарони масоили Амрико аз ташдиди фишорҳои дохилӣ ба Трамп ва ҳатто эҳтимоли барканории Трамп аз раёсатҷумҳурии Амрико ба хотири нақш доштан дар чунин расвоие сухан мегӯянд.

Дар чунин шароите матраҳ шудани интиқоли сафорати Амрико аз Тел-Авив ба Байтулмуқаддас аз диди Трамп ба манзалаи бомби хабарист, ки метавонад ба роҳатӣ афкори умумӣ дар дохилу хориҷи Амрикоро аз парвандаи расвоии Трамп мавсум ба “Рус Гейт” мунҳариф созад.

Аз тарафи дигар, Трамп бо ин иқдом дарсадад аст, бахши бузурге аз раъйи Ҳизби ҷумҳурихоҳ, ки аз пуштвонаи масеҳиёни саҳюнист бархурдор астро барои интихоботи отии раёсатҷумҳурии Амрико бо худ ҳамроҳ созад.

Аммо дар ин миён хиёнати бархе аз ҳуккоми арабӣ дар тасмимоти раисҷумҳури Амрико нақши вижае доштааст. Дар ин замина, маҳофили сиёсӣ ба сафари моҳи майи гузаштаи Доналд Трамп ба Риёз ва заду банди вай дар ин замина бо мақомоти арабистонӣ ва соири ҳуккоми арабӣ дар хусуси инфиоли онҳо дар хусуси мавзуи интиқоли сафорати Амрико ба Қудс ишора мекунанд.

Дар ин замина, Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, дабири кулли ҳимоят аз интифозаи Фаластини Маҷлиси Шӯрои исломӣ дар вокуниш ба изҳороту мавозеи Трамп дар мавриди Қудс таъкид кард: Интиқоли сафорати Амрико ба Қудси шариф бозӣ бо оташест, ки бетардид Трамп қудрати таҳаммули онро надорад ва Нетаняҳу низ дар оташи он хоҳад сӯхт.

Таҳаввулоти Фаластин ва густариши интифозаи фаластиниён ва эътирозоти ҷаҳонӣ алайҳи Амрико, ки ба инзивои Амрикову ваҳшати исроилиҳо анҷомидааст, дурустии ин назарро ошкор кардааст, ки Трамп бо иқдомоти насанҷидааш даст ба навъе интиҳори сиёсӣ задааст.

Бозхурди чунин рафторҳои Трамп, шикасти беш аз пеши сиёсатҳои Амрико дар минтақа ва тасреи раванди нобудии Исроил ва мутазалзилтар шудани мавқеияти вай дар арсаи сиёсии Амрико аст .

 

Барчасп