Инҳидоми беш аз ҳазору дусад танка ва мошини зиреҳии мутаҷовизон дар ҷанги Яман
(last modified 2017-12-24T12:33:50+00:00 )
Декабр 24, 2017 17:33 Asia/Dushanbe
  • Инҳидоми беш аз ҳазору дусад танка ва мошини зиреҳии мутаҷовизон дар ҷанги Яман

Вазорати дифои Яман эълом кард, нерӯҳои яманӣ дар ҳудуди се соли гузашта беш аз ҳазору 200 танка ва мошини зиреҳӣ ва 5 ҳавопаймои ҷангандаи мутааллиқ ба эътилофи мутаҷовиз ба саркардагии режими Саудиро мунҳадим кардаанд.

Тибқи гузориши Вазорати дифои Яман, дар ин муддат ҳамчунин беш аз 30 болгард ва паҳподи ҷосусии эътилофи ба саркардагии Саудӣ дар осмони Яман мунҳадим шудааст.

Даҳҳо пойгоҳи низомии Арабистон дар манотиқи Наҷрон, Ҷаззон ва Асир низ бар асари ҳамалоти яманиҳо тахриб шудааст .

Режими Саудӣ бо ҳимояти Амрико ва дар сояи сукути Созмони милал ва ба баҳонаи бозгардондани Абдурабеҳ Мансур Ҳодӣ, раисҷумҳури мустаъфии Яман ба қудрат аз ҳути 1393 иқдом ба ҳамлаи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст .

Коҳиши ҳаҷми захоири молӣ ва касрии буҷет, афзоиши мизони ҳазинаи низомӣ ба беш аз 81 миллиард доллар, коҳиши гардишгарӣ ва сармоягузории хориҷӣ дар тарҳҳои Арабистон, аз ҷумлаи зиёнҳои иқтисодии ин кишвар ба иллати ҷанги зидди мардуми Яман аст.

Нерӯҳои яманӣ бо вуҷуди таҳриму муҳосира, муваффақ шудаанд, тавоноии низомӣ бавижа дар заминаи мушакиро густариш диҳанд ба гунае, ки мушакҳои баллистики онҳо акнун ба пойгоҳҳову фурӯдгоҳҳои Арабистон ва Иморот мерасад .

 

Барчасп