Декабр 26, 2017 17:30 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Салиби Сурх аз тавҳини мақоми саҳюнист ба зани фаластинӣ

Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх аз тавҳини як узви Кнессет (парлумон)-и режими саҳюнистӣ ба хонаводаҳои асирони фаластинӣ ба шиддат интиқод кард.

Ба гузориши Маркази иттилоърасонии Фаластин, Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх дар баёнияе таъкид кард, Исроил бояд ҳифзи саломатию каромати хонаводаҳои фаластиниро тазмин кунад. Салиби Сурх зимни маҳкум кардани ин иқдоми тавҳиномези узви Кнессети режими саҳюнистӣ афзуд, хонаводаҳои фаластинӣ ҳақ доранд, ба мулоқоти фарзандони асирашон бираванд ва режими саҳюнистӣ масъули ҳифзи саломатии онон аст.

Орен Ҳазан, узви Кнессети режими саҳюнистӣ рӯзи душанбе пеши роҳи автобуси хонаводаи асирони фаластинии аҳли Ғаззаро, ки барои дидор бо фарзандонашон ба зиндони саҳюнистии Нафҳа мерафт, гирифта, онҳоро бо калимоти зишту тавҳиномез таҳдид кард. Ҳазан ба яке модарони фаластинӣ гуфта буд: “Писари ту саг аст ва дубора наметавонӣ ӯро бубинӣ, магар зери хок”.

Низомиёни саҳюнист барои дастёбӣ ба аҳдофи тавсеаталабонаи худ рӯзона ба манотиқи мухталифи Фаластин ҳамла ва фаластиниёнро боздошт, захмӣ ва ё шаҳид мекунанд.