Интиқоли саркардаҳои ДИИШ бо чархболҳои амрикоӣ
Декабр 29, 2017 15:37 Asia/Dushanbe
Дар пайи шикастҳои мутааддиди террористҳо саркардаҳои ДИИШ бо чархболҳои амрикоӣ ҷо ба ҷо мешаванд.
Ба гузориши хабаргузории ОИР “Новости”, интиқоли саркардаҳои гурӯҳи террористии ДИИШ аз шаби 28-уми декабр оғоз шудааст. Ин хабаргузорӣ ба нақл аз манобеи низомии Русия навишт, чархболҳои амрикоӣ саркардаҳои ДИИШ-ро аз вилояти Дайруззур ба вилояти Ҳасакаи Сурия мунтақил кардаанд.