“Чароғи сабз”-и Арабистону Баҳрайн ба Исроил – гузаштан аз “хати қирмиз”-и афкори умум
(last modified 2018-01-07T10:21:10+00:00 )
Январ 07, 2018 15:21 Asia/Dushanbe
  • “Чароғи сабз”-и Арабистону Баҳрайн ба Исроил – гузаштан аз “хати қирмиз”-и афкори умум

Вазири умури хориҷии Арабистони Саудӣ изҳор кард, ба маҳзи дастёбӣ ба як роҳкори доимӣ барои низои исроилӣ-фаластинӣ кишварҳои арабӣ Исроилро ба расмият хоҳанд шинохт.

Одил Ҷубайр, вазири умури хориҷии Арабистони Саудӣ дар мусоҳиба бо яке аз шабакаҳои телевизионии Фронса гуфт, ин рӯзҳо Баҳрайн ба конуни тарҳрезиҳои хиёнаткоронаи ҷараёни созишкор дар минтақа табдил шудааст. Чанде пеш як ташаккули баҳрайнӣ сафаре ба сарзаминҳои ишғолии Фаластин дошт, ки ин ҳаракат дар ростои иқдоми ин кишвар барои оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ ба намояндагӣ аз Арабистон арзёбӣ шуд.

Корномаи оддисозии равобити Баҳрайн бо Исроил танҳо марбут ба ин рӯзҳо намешавад, балки аз соли 1994, ки Ёсси Сарид, вазири муҳити зисти вақти Исроил дар раъси ҳайати баландпояе бо баҳонаи мушорикат дар конфронсе  дар бораи масоили муҳити зист ба Манама сафар кард, оғоз шуд. Ҳамчунин дар оғози соли 2000-ум валиаҳди Баҳрайн бо Шимон Перес, раиси пешини режими саҳюнистӣ дар Давос дидор кард, ки баъдҳо натиҷаи ин дидор мунҷар ба тасмими Манама ба бастани дафтари таҳрими Исроил дар Баҳрайн шуд. Ҳамчунин соли 2008 подшоҳи Баҳрайн шахсан дар ҳошияи конфронси «Гуфтугӯ миёни адён» дар Ню-Йорк бо Шимон Перес ва Тзипи Ливни, вазири умури хориҷии вақти Исроил дидор кард.

Рӯзномаи англисии “Таймз” ахиран дар пойгоҳи интернетии худ ба нақл аз манобеи амрикоӣ ва арабӣ фош кард, нишонаҳои марбут ба оддисозии равобит миёни Арабистону Баҳрайн бо Исроил рӯ ба афзоиш будааст. Арабистон низ ба унвони саркардаи ҷараёни созишкор дар минтақа ҳамвора ба дунболи найрангҳое барои оддисозии равобит миёни кишварҳои арабӣ ва Исроил будааст.  Дар ин зимн метавон ба тарҳи сулҳи арабии ироашуда аз ҷониби Арабистон дар соли 2002 ишора кард, ки ба манзалаи нақшаи роҳи Оли Сауд барои густариши муносибот бо режими ишғолгари Қудс маҳсуб мешавад. Арабистони Саудӣ аз замони таъсиси режими саҳюнистӣ равобити расмӣ бо ин режим барқарор накардааст. Аммо ҳамвора дорои равобити пинҳон бо ин режими ишғолгар будааст ва бо сиёсатҳои он дар минтақа ҳамроҳӣ доштааст. Арабистони Саудӣ дар ҳоле дар масири густариши ҳамкори‎ҳо бо режими Исроил гом барме‎дорад, ки ин режим душмани дараҷаи як ва муштараки ҷаҳони Ислом аст.

Арабистон дар ростои тамаъҳои Ғарб ва саҳюнистҳо гомҳои мухарриберо алайҳи фаластиниҳо бардоштааст ва хиёнати Оли Сауд ба фаластиниҳоро метавон бавузуҳ дар матраҳ кардани тарҳи сулҳи арабӣ дид, ки зарарҳои он камтар аз ҳаракатҳои созишкоронаи Мисру Урдун дар имзои тавофуқномаи созиш бо режими саҳюнистӣ набудааст. Тарҳи сулҳи арабӣ тавассути Арабистон дар соли 2002 матраҳ шуд. Ин тарҳ ба далели нодида гирифтани бахши аъзами ҳуқуқи мардуми Фаластин, аз ҷумла ҳуқуқи оворагони фаластинӣ ва бетаваҷҷуҳӣ ба вазъияти асирони фаластинӣ ва низ мавзӯи ба расмият шинохтани режими ишғолгари Қудс ба унвони тарҳи хоинонае алайҳи ормони мардуми Фаластин шинохта мешавад.  Зиштии робита бо режими саҳюнистӣ ба манзалаи “хати қирмиз”-и афкори умум дар баробари ин режими ишғолгар ва тавсеаталаб аст, аммо Арабистону Баҳрайн бо гузаштан аз ин “хати қирмиз” ва “чароғи сабз” нишон додан ба Исроил танҳо расвоиҳои бештари режими Оли Сауд ва Оли Халифаро дар минтақа рақам задаанд.