Август 29, 2016 17:38 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Русия бар идомаи ҳимоят аз Сурия

Раиси камиссияи умури байналмилалии Думои Русия эълом кард, ки ин кишвар ҳамчунон ба мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ ва кумак ба давлат ва артиши Сурия идома медиҳад ва ин равандро қатъ намекунад.

Ба гузориши ИРНА, Алексей Пушков, рӯзи душанбе дар мусоҳиба бо шабакаи телевизиони «Русия-1», зимни таъкид бар ин ки амалиёти бомбафканҳои русӣ алайҳи террористҳо дар Сурия идома меёбд афзуд, таҳарруки низомии Туркия дар шимоли Сурия наметавонд мавқеияти Русия дар минтақаро тазъиф кунад.

Вай гуфт, такягоҳи роҳбурди Русия давлат ва артиши Сурия аст ва Маскав ба ҳимоят аз Димишқ дар арсаи мубориза бо терроризм идома медиҳад.

Пушков гуфт, ки мавзеъи Русия дар Сурия ҳамчунон қавӣ аст ва ҳифзи чорчӯби музокироти Маскав ва Вашингтон барои ҳалу фасли масоил низ тайидкунанда ин дидгоҳ аст.

Вай афзуд, чорчӯби музокироти вазирони хориҷаи Амрико ва Русия барои ҳалли буҳрон тағйир намекунад, зеро Вашингтон медонад чӣ кишваре нақши калидӣ дар Сурия ифо мекунад.

 

Барчасп