Даъвати Нури ал Моликӣ аз мардуми Ироқ барои мушорикати густурда дар интихобот
(last modified 2018-05-07T07:28:33+00:00 )
Май 07, 2018 12:28 Asia/Dushanbe
  • Даъвати Нури ал Моликӣ аз мардуми Ироқ барои мушорикати густурда дар интихобот

Муовини раисиҷумҳури Ироқ аз мардуми ин кишвар хост, то ба манзури ба шикаст кашондани талошҳои хориҷӣ барои нобудии Ироқ, дар интихоботи парлумонӣ ҳузури густурда дошта бошанд.

Ба гузориши хабаргузории “Меҳр”, Нури ал Моликӣ таъкид кард, миллати Ироқ бо муқовамати худ метавонад, проектҳои душманони ин кишвар, ки ба думбол ба чолиш кашидани раванди сиёсии Ироқ ва фароянди демократия ҳастандро ба шикаст бикашонад.

Дар ҳамин ҳол, Аватеф Неъма (Awatif Ne'ma), намояндаи маҷлиси Ироқ ва узв Эътилофи давлати қонун аз вуҷуди тавтеаи сиёсии Арабистони Саудӣ барои ворид кардани диишҳои сиёсӣ ба парлумони ҷадиди Ироқ, хабар дод ва дар ин хусус ба номзад шудани чеҳраҳое назири Раъд Сулаймон, сухангӯи бахше аз ашоири устони Ал Анбор ва Умар Ал Ҷамол, рӯзноманигори вобаста ба ҷараёни Саудӣ дар интихобот ишора кард.

Ин намояндаи парлумони Ироқ вуруди ин ашхос ба парлумонро барои раванди сиёсии Ироқ, як таҳдид донист ва аз дастгоҳи қазоӣ ва Комиссияи интихоботи Ироқ хост, ин мавзӯъро пайгирӣ кунанд.

Нури ал Моликӣ, муовини раисиҷумҳури Ироқ низ пештар эълом карда буд, Арабистони Саудӣ бо тамоми имконот ҳам аз молӣ, расонаӣ ва барномарезӣ, барои тағйири натоиҷи интихоботи Ироқ, талош мекунад.

Интихоботи парлумонии Ироқ, 12 майи 2018 баргузор хоҳад шуд, ин интихобот ба далели шикасти гурӯҳи террористии ДИИШ дар Ироқ, аз аҳамияти хоссе бархӯрдор аст. Дар ин интихобот ҳафт ҳазору 367 номзади интихоботӣ, аз 18 устони Ироқ барои касби 329 курсии парлумонӣ бо якдигар рақобат хоҳанд кард.

 

Барчасп