Раиси федератсияи муҳоҷирони Русия: Амрико шарики ҷиноёти Оли Сауд дар Яман аст
(last modified 2016-09-04T12:19:13+00:00 )
Сентябр 04, 2016 17:19 Asia/Dushanbe
  • Раиси федератсияи муҳоҷирони Русия: Амрико шарики ҷиноёти Оли Сауд дар Яман аст

Раиси Федератсияи муҳоҷирони Русия гуфт, Амрико аз ҷиноятҳои режими ҳоким бар Арабистони Саудӣ ҳимоят мекунад ва ба ҳамин далел Вашингтон шарики ҷиноёти Оли Сауд дар Яман аст.

Муҳаммадамин Моҷумдер имрӯз, якшанбе дар гуфтугӯ бо ИРНА афзуд, сиёсати хориҷии Арабистони Саудӣ дар шароити кунунӣ, зарба задан ба манофеи ҷаҳони Ислом устувор шудааст ва таҳоҷуми ҳудуди 18 моҳаи ин кишвар ба Яман, ин воқеиятро ба таври айнӣ нишон медиҳад.

Муҳаммадамин Моҷумдер гуфт, Арабистони Саудӣ ва кишварҳои ҳампаймонаш дар таҷовуз ба Яман бояд муҷозот шаванд ва ба ҳамин далел бояд ҳар чӣ зудтар ба иқдомҳои худ алайҳи мусулмонон ва куштори афроди бегуноҳ дар Яман поён диҳанд.

Моҷумдер ҳамчунин гуфт, то кунун беш аз 10 ҳазор нафар аз мардуми Яман дар ҳамлаҳои мутаҷовизон ва муздурони Саудӣ ва муттаҳидонаш кушта ва даҳҳо ҳазор нафари дигар маҷрӯҳ шуда ва шумори бисёр зиёде ҳам овора шудаанд.

Вай таъкид кард, Амрико ва кишварҳои ғарбии муттаҳиди Арабистон дар ҷиноёти Оли Сауд дар Яман шарик ҳастанд ва ин гуна сиёсатҳо чеҳраи воқеии Ғарбро, ки пушти ниқоби сулҳу дӯстӣ ва дифоъ аз демократия ва ҳуқуқи башар пинҳон шудааст, бармало мекунад.

 

Барчасп