Ифшои нақши Иморот дар мусаллаҳ кардани ДИИШ
Дар пайи таҳқиқоти баамаломада аз суйи мақомоти Швейтсария мушаххас шудааст, ки Иморот муҳиммоти харидоришуда аз ин кишварро ба Сурия қочоқ кардааст.
Рӯзномаи “Sonntagsblick” – и Швейтсария дар гузорише навиштааст, Швейтсария силоҳҳоеро ба Иморот фурӯхта ва ин силоҳҳо дар Сурия ба дасти ДИИШ расидааст. Ҳамчунин террористҳои ДИИШ дар Идлиб, бомбаҳои дастӣ ва камарбандҳои интиҳорӣ ва хумпораҳои сохти ширкати “Ruig” - и Швейтсария дар ихтиёр доранд.
Тибқи ин гузориш, дар соли 2012 тасовири хумпораҳои швейтсарӣ дар дастони террористҳо дар Сурия мунташир шуд ва сухангӯи ширкати созанда гуфт, ки гумони бисёр қавӣ вуҷуд дорад, ки ин хумпораҳо бахше аз маҳмулае аст, ки ба Иморот фурӯхта шудааст.
Дар ҳамин ҳол бояд гуфт, ки Швейтсария бо вуҷуди иттилоъ аз ин мавзуъ ҳамчунон ба Иморот силоҳ мефурӯшад ва ин ҳамкории густурдаи Ғарб ва ҳуккоми арабӣ дар ҳимояти таслиҳотӣ аз ДИИШ - ро нишон медиҳад.
Муҳимтарин омили густариши терроризм дар минтақаи Ховари Миёна сиёсати бархе аз кишварҳои арабӣ, аз ҷумла Иморот аст.
Кишварҳое чун Иморот дар минтақа ба далели ин ки фоқиди нишонаҳои қудрат ҳастанд, дар тӯли чанд соли гузашта бо буҳронофариниҳои мухталиф дар Либия, Миср, Тунис, Сурия, Ироқ ва Яман ба абзори қудратҳои бузурги хориҷ аз минтақа, ба вижа Амрико табдил шудаанд.
Барои ҳамагон ошкор аст, ки сиёсатҳои Иморот ва Арабистон дар ҳимоят аз терроризм дар Сурия ва Ироқ, ҷаҳони Исломро бо таҳдиди такфириҳо ва диишиҳо рӯбарӯ кард.
Сурия ба унвони яке аз муҳимтарин кишварҳои узви меҳвари муқовимат бо тавтеаи кишварҳое назири Иморот вориди як ҷанги террористии тамомайёр шуд ва дар натиҷаи ин ҷанг ва роҳбурди кишварҳои арабӣ, аз ҷумла Иморот, гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия таксир шуданд.
Рафторҳои мақомоти Абудаби нишон медиҳад, терроризмпарварӣ асоси сиёсати хориҷии Иморотро ташкил медиҳад.
Чанде пеш рӯзномаи англисии “Таймс” навишт, бархе масъулони англисӣ эътироф мекунанд, ки яке аз кишварҳое, ки макони муносиберо барои пулшӯии гурӯҳи террористии ДИИШ фароҳам кардааст, Иморот ва бозорҳои молии Дубай аст.
Содироти терроризм тавассути ҳуккоми араб, аз ҷумла Иморот ва ҳамкориву мудирияти гурӯҳҳои террористӣ тавассути онон, намоёнгари моҳияти шароратбор ва хушунатгароии чунин режимҳое аст.