Дархости Созмони гузоришгарони бидуни марз барои таваққуфи иқдомоти хушунатбори режими Оли Сауд
(last modified 2018-11-23T14:04:21+00:00 )
Ноябр 23, 2018 19:04 Asia/Dushanbe
  • Дархости Созмони гузоришгарони бидуни марз барои таваққуфи иқдомоти хушунатбори режими Оли Сауд

Созмони гузоришгарони бидуни марз, таваққуфи хушунати режими Саудӣ зидди фаъолони сиёсиро хостор шуд.

Ба гузориши ИРНА, Созмони гузоришгарони бидуни марз дар матлабе дар Твиттер хостори фишори ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Арабистони Саудӣ барои таваққуфи хушунат алайҳи фаъолони сиёсӣ ва рӯзноманигорони боздоштӣ дар зиндонҳои ин кишвар шуд.

Созмони гузоришгарони бидуни марз, пештар низ дар твитте навишта буд, афроди боздоштӣ дар Арабистон аз ҷумла рӯзноманигорон ва нависандагон мавриди шиканҷаи ҷисмӣ, рӯҳӣ ва озору азияти ҷинсӣ қарор мегиранд.

Ин дар ҳоле аст, ки созмонҳои Афви байналмилал ва Дидабони ҳуқуқи башар, низ рӯзи сешанбе Арабистонро ба шиканҷа ва озори ҷинсии чандин фаъоли ҳуқуқибашарӣ, аз ҷумла чанд зан, ки аз моҳи майи 2018 дар боздошти саудиҳо ҳастанд, муттаҳам карданд.

Саркуби мунтақидон дар Арабистон, аз сентябри соли 2017 пас аз ба қудрат расидани Муҳаммад ибни Салмон валиаҳди Саудӣ шиддат гирифт ва то кунун садҳо нафар аз донишгоҳиён, мубаллиғони динӣ ва ҳатто шоҳзодагон ва бозаргонони Саудӣ ба хотири интиқод ба ҳайати ҳокима дар боздошт ҳастанд.

Ҷамол Хошуқҷӣ рӯзноманигори мунтақиди арабистонӣ, дувуми октябр пас аз вуруд ба консулгарии Арабистон дар Истамбули Туркия нопадид шуд то ин ки мақомоти Саудӣ саранҷом пас аз ду ҳафта инкор, ба қатли ӯ дар дохили консулгарӣ эътироф карданд.

 

Барчасп