Тазоҳуроти яманиҳо дар эътироз ба бунёди хати лӯлаи нафти Саудӣ дар хоки Яман
(last modified 2019-01-23T08:29:32+00:00 )
Январ 23, 2019 13:29 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳуроти яманиҳо дар эътироз ба бунёди хати лӯлаи нафти Саудӣ дар хоки Яман

Мардуми вилояти Алмаҳраҳ, дар шарқи Яман бори дигар дар эътироз ба иқдоми режими Саудӣ дар бунёди хати лӯлаи интиқоли нафт дар ин вилоят тазоҳурот карданд.

Ба гузориши Форс, эътирозҳои мардумӣ дар бархе вилоятҳои Яман алайҳи эҳдоси хати лӯлаи нафтӣ аз тариқи ин кишвар идома дорад ва аҳолии вилояти Алмаҳраҳ бори дигар бо барпоии тазоҳурот, эътирози худро ба ин мавзуъ нишон доданд.

Арабистони Саудӣ дунболи он аст, ки бо бунёди ин хати лӯла, ҷойгузине барои содироти нафт аз тариқи тангаи Ҳумуз пайдо кунад. Ин хати лӯла аз вилояти Алҳамраҳ, дар шарқи Яман мегузарад ва ба Баҳрулараб мерасад.

Вилояти Алмаҳраҳ аз апрели соли 2018 шоҳиди тазоҳурот алайҳи низомиёни саудӣ аст. Тазоҳуроткунандагон хостори хуруҷи нерӯҳои саудӣ, таҳвили вурудиҳои дарёӣ ва заминӣ ва муроқибат аз ҳокимияти миллии ин кишвар ҳастанд.

Бино ба гузориши Вазорати ҳуқуқи башари Яман, ин иқдомоти эътилофи мутаҷовизи саудӣ - иморотӣ танҳо бахше аз таҷовузоти онҳо дар вилояти Алмаҳраҳ аст.

 

 

Барчасп