Феврал 26, 2019 15:36 Asia/Dushanbe
  • Бозкушоии мусаллои Бобурраҳмаҳ тавассути нигаҳбонони Масҷидулақсо

Дар эътироз ба табъиди фаластиниён аз Қудси ишғолӣ, нигаҳбонони масҷиди мубораки Алақсо мусаллои Бобурраҳмаро боз карданд.

Ба гузориши Маркази иттилоърасонии Фаластин, дабирхонаи Созмони Ҳамкории Исломӣ низ рӯзи сешанбе бо судури баёнияе режими саҳюнистиро масъули идомаи тааррузот ба маконҳои муқаддас ва ҳуқуқи мусаллами миллати Фаластин хонд ва таҷовузи ишғолгарон дар шаҳри Қудси ишғолӣ ва табъиди шайх Абдулазим Сулҳаб, раиси Созмони авқофи исломии ин шаҳр ва шайх Ноҷаҳ Бакирот, муовини вай ва теъдоде дигар аз фаластиниёни сокини Байтулмуқаддасро маҳкум кард.

Созмони Ҳамкории Исломӣ бо ҳушдор дар бораи талошҳои режими саҳюнистӣ дар заминаи таҳмили воқеияти ҷадид бар Масҷидулақсо, аз маҷомеи ҷаҳонӣ хост, барои во доштани режими Исроил ба мутаваққиф кардани таҷовузи бевақфа зидди муқаддасоти исломӣ ва масеҳии Қудс, иқдоми фаврӣ анҷом диҳад.

Авзои Масҷидулақсо дар пайи ҳамлаи низомиёни режими саҳюнистӣ ба фаластиниён ва бастани Бобурраҳмаҳ, яке аз дарвозаҳои ин масҷид барои вуруди намозгузорони фаластинӣ, ноором аст.

 

Барчасп