Пешниҳоди 10-миллиарддолларии Арабистон ба Маҳмуд Аббос барои пазириши “Муомилаи қарн”
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i43424
Намояндаи Урдун дар Ромуллоҳ аз пешниҳоди 10-миллиарддолларии валиаҳди Арабистон ба раиси Ташкилоти худгардони Фаластин барои пазириши тарҳи амрикоии "Муомилаи қарн" хабар дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Апрел 30, 2019 16:49 Asia/Dushanbe
  • Пешниҳоди 10-миллиарддолларии Арабистон ба Маҳмуд Аббос барои пазириши “Муомилаи қарн”

Намояндаи Урдун дар Ромуллоҳ аз пешниҳоди 10-миллиарддолларии валиаҳди Арабистон ба раиси Ташкилоти худгардони Фаластин барои пазириши тарҳи амрикоии "Муомилаи қарн" хабар дод.

Рӯзномаи "Алахбор" ба нақл аз намояндаи Урдун дар Ромуллоҳ навишт: «Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Саудӣ феврали гузашта дар дидори Маҳмуд Аббос, раиси Ташкилоти худгардони Фаластин дар Риёз, пойтахти Арабистон гуфтааст, дар қиболи мувофиқати ин ташкилот бо тарҳи амрикоии "Муомилаи қарн" 10 миллиард долларро дар муддати 10 сол ба давлати Маҳмуд Аббос пардохт хоҳад кард”. Бар асоси ин гузориш, Маҳмуд Аббос зимн мухолифат бо пешниҳоди валиаҳди Арабистон посух додааст, ки бо таваҷҷуҳ ба мухолифатҳои густардаи фаластиниён бо тарҳи "Муомилаи қарн" ҳар гуна мувофиқат бо ин тарҳ ба зиндагии сиёсияш поён хоҳад дод. Маҳмуд Аббос ҳамчунин дар қиболи пешниҳоди Ибни Салмон мабнӣ бар ҳимояти молӣ аз Ташкилоти худгардони Фаластин афзуд, наметавонад дар хусуси шаҳракҳои саҳюнистнишин ва роҳкори ду давлат дар Қудси ишғолӣ ба тарафи исроилӣ имтиёз диҳад.

Талоши режими Саудӣ дар моҳҳои ахир барои оддисозии равобит бо ишғолгарони исроилӣ шиддат гирифтааст.

“Муомилаи қарн” унвони тарҳе аст, ки аз сӯйи давлати Трамп пешниҳод шудааст ва бар асоси он, Исроил дар ивази дарёфти имтиёзҳои фаротар аз тааҳҳудоти қаблии Созмони озодибахши Фаластин ва қатъномаҳои Шӯрои амният ва низ тасарруфи бахшҳое дигар аз манотиқи ишғолӣ шомили ниме аз Каронаи Бохтарӣ ва бахше аз Байтулмуқаддаси Шарқӣ, ки аз назари ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба давлати Фаластин тааллуқ дорад, бо ташкили кишвари мустақили фаластинӣ дар нимаи дигари Каронаи Бохтарӣ, навори Ғазза ва танҳо чанд маҳалла аз Байтулмуқаддаси Шарқӣ мувофиқат мекунад. Бар асоси ин тарҳ, шаҳри Абудис ба ҷойи Байтулмуқаддас ба унвони пойтахти Фаластин дар назар гирифта хоҳад шуд. Ҳамчунин тибқи ин тарҳ, фаластиниён бояд аз ҳаққи бозгашт ба сарзамини худ, ки бар тибқи қатъномаи 194-и Шӯрои амният ба расмият шинохта шудааст, сарфи назар кунанд.