Сухангӯи Ансоруллоҳи Яман: Мутаҷовизоне, ки оташ меафрӯзанд дар ҳамин оташ месӯзанд
(last modified Wed, 22 May 2019 14:38:23 GMT )
Май 22, 2019 19:38 Asia/Dushanbe
  • Сухангӯи Ансоруллоҳи Яман: Мутаҷовизоне, ки оташ меафрӯзанд дар ҳамин оташ месӯзанд

Сухангӯи Ансоруллоҳи Яман дар хусуси ду амалиёти паҳподии ин кишвар ба фурудгоҳи Наҷрони Арабистон гуфт, ин амалиёт ва амалиётҳои қабл ва баъд аз он, иқдоми машруъ дар дифоъ аз кишвар ва миллати Яман аст.

Нерӯҳои паҳподии Яман субҳи имрӯз (чаҳоршанбе) бори дигар ҷангандаҳои фурудгоҳи Наҷрони Арабистонро, ки аз он барои ҳамла ба шаҳрвандони бегуноҳи яманӣ истифода мешуд, бо паҳподи K2 ҳадаф қарор дод.

Нерӯҳои паҳподии Яман субҳи рӯзи сешанбе низ бо паҳподи K2 як анбор силоҳро дар ҳамин фурудгоҳ ҳадаф қарор дод.

Ба гузориши “Спутник”, Муҳаммад Абдуссалом, сухангӯи Ансоруллоҳи Яман бо баёни ин ки мутаҷовизони эътилофи саудӣ ҷуз бо таваққуфи таҷовуз ва лағви муҳосираи Яман наҷот пайдо нахоҳанд кард, афзуд: “Касе, ки оташ меафрӯзад, дар ҳамин оташ месӯзад”.

Абдуссалом ҳамчунин иддаои Туркӣ Алмоликӣ, сухангӯи расмии эътилофи арабӣ дар хусуси амалиёти ахири нерӯҳои яманӣ алайҳи фурудгоҳи Наҷрони Арабистонро, мабнӣ бар ҳадаф қарор додани ғайринизомиён дар ин минтақа комилан мардуд донист.

Туркӣ Алмоликӣ дар иддаое кизб ҳамлаи Яман ба анбори таслиҳоти эътилофро минтақаи ғайринизомӣ хонд ва муддаӣ шуд, ки амалиёти нерӯҳои яманӣ амнияти минтақа ва ҷаҳонро таҳдид мекунад.

Дар ҷанги эътилофи саудӣ зидди Яман, фақиртарин кишвари арабии Ховари Миёна, ки аз 26 –уми марти соли 2019 вориди панҷумин соли худ шудааст, то кунун беш аз 16 ҳазор яманӣ кушта ва даҳҳо ҳазор нафар захмӣ ва миллионҳо нафар овора шудаанд.

Ҷанги Яман мавриди ҳимояти Амрико, режими Исроил ва Британия аст ва режими саудӣ ба унвони абзоре дар хидмати амрикоиҳо аҳдофи ононро пайгирӣ мекунад.