Вазири умури хориҷии Қатар: Эрон танҳо равзанаи танаффуси мо дар замони муҳосира буд
(last modified Tue, 04 Jun 2019 13:07:47 GMT )
Июн 04, 2019 18:07 Asia/Dushanbe
  • Вазири умури хориҷии Қатар: Эрон танҳо равзанаи танаффуси мо дар замони муҳосира буд

Вазири умури хориҷии Қатар бо баёни ин ки Эрон метавонад ба ҳалли чолишҳои минтақа кумак кунад, гуфт, дар замоне ки Қатар аз муҳосираи чаҳор кишвари арабӣ ранҷ мебурд, Эрон танҳо равзана ва роҳи иртиботии Қатар бо ҷаҳон буд.

Муҳаммад ибни Абдурраҳмон оли Сонӣ, вазири умури хориҷии Қатар дар гуфтугӯ бо шабака телевизионии “Аларабӣ” зимни интиқод аз сиёсатҳои режими Саудӣ дар минтақа тасреҳ кард, ҳадафи Арабистон аз баргузории ҳамзамони нишастҳои Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс, нишасти сарони Иттиҳодияи Араб ва нишасти сарони Созмони Ҳамкории Исломӣ дар Макка тарсими сиёсати якпорча алайҳи Эрон буд. Вазири умури хориҷии Қатар афзуд, дар ҳоле ки бояд дар ин нишастҳо мавзеи якпорча барои поён додан ба мушкилоти минтақа шакл мегирифт, танҳо ба баёнияҳое маҳдуд шуд, ки мавриди тавофуқи ҳамаи тарафҳо низ қарор нагирифт. Муҳаммад ибни Абдурраҳмон оли Сонӣ бо баёни ин ки баёнияҳои нишасти Макка бо машварати ҳама кишварҳо содир нашуда ва аз қабл омода будааст, гуфт, баёнияҳои поёнии ин нишастҳо ҳовии бандҳоест, ки бо сиёсатҳои Қатар таоруз дорад ва Доҳа мулоҳизоти худро дар ин бора пас аз судури баёнияҳо матраҳ кардааст.

Вазири умури хориҷии Қатар пеш аз ин низ аз мухолифати Доҳа бо баёнияҳои нишастҳои Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс ва нишасти сарони араб дар Макка хабар дода афзуд, дар ин нишастҳо ба буҳрони Яман, Фаластин ва ҷанги Либия ишорае нашудааст.

 

Барчасп