Июн 25, 2019 10:28 Asia/Dushanbe
  • Маҷлиси Кувейт таҳрими нишасти Баҳрайнро хостор шуд

Маҷлиси Кувейт дар вокуниш ба нишасте, ки қарор аст дар чорчуби тарҳи "Муомилаи қарн" аз имрӯз дар Манома пойтахти Баҳарйн оғоз шавад таҳрими ин нишастро хостор шуд.

Ба нақл аз ИРНО, намояндагони маҷлиси Кувейт рӯзи душанбе дар баёнияе, ки аз сӯи "Марзуқ Алғонем" раиси маҷлиси ин кишвар қароат шуд аз давлати Кувейт хостанд мавзеи қотие дар хусуси таҳрими ин нишаст дар пеш гирад.

Намояндагони маҷлиси Кувейт дар ин баёния бо баёни инки Кувейт ҳамвора аз ҳуқуқи машруи миллати Фаластин дифоъ карда таъкид карданд, барқарории равобит бо режими саҳюнитсӣ муғоири усули собит ва мавзеъҳо ва қавонини Кувейт аст.

Онҳо ҳамчунин эълом карданд, ки ҳадаф аз нишасти Манома, ки қарор аст бо мушорикати режими саҳюнистӣ баргузор шавад тасбити ишғолгарӣ ва машруият бахшидан ба он аст.

Нишасти Баҳрайн барои иҷрои нахустин марҳилаи муомилаи нангини қарн имрӯз дар Манома пойтахти Баҳрайн шуруъ мешавад.

Дар ҳафтаҳои ахир бисёре аз кишварҳои исломӣ ва ғайриисломӣ аз ҷумла Лубнон, Ироқ, Чин ва Русия нишасти Баҳрайн таҳрим кардаанд.

Агар чи ҷазби сармоягузорӣ дар сарзамини Фаластин ва эътои қарзҳои камбаҳра ба Фаластин аз аҳдофи нишасти Баҳрайн унвон шудааст, аммо бар асоси ин тарҳи амрикоии Қудси шариф ба режими саҳюнистӣ вогузор мешавад, оворагони фаластинӣ дар дигар кишварҳо ҳаққи бозгашт нахоҳанд дошт ва Фаластин танҳо моликияти заминҳои боқимондаи Каронаи бохтарии руди Урдун ва борикаи Ғаззаро дар ихтиёр хоҳад дошт.

Ин тарҳ бо ҳамкории бархе кишварҳои арбӣ аз ҷумла Арабистон ва Аморот таҳия шудааст.

Барчасп