Наим Қосим: Номи Амрико ба унвони бузургтарин дурӯғгӯ метавонад дар “Гиннес” сабт шавад
(last modified 2019-06-30T15:35:48+00:00 )
Июн 30, 2019 20:35 Asia/Dushanbe
  • Наим Қосим: Номи Амрико ба унвони бузургтарин дурӯғгӯ метавонад дар “Гиннес” сабт шавад

Муовини Ҳизбуллоҳи Лубнон гуфт, агар бихоҳанд номи бузургтарин дурӯғгӯ ва фиребкорро дар китоби “Гиннес” сабт кунанд, он ҳатман Амрико хоҳад буд.

Ба гузориши рӯзи якшанбеи шабакаи “Алолам”, ба нақл аз “Алаҳд”, шайх Наим Қосим, муовини дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон таъкид кард, Амрико бо дурӯғгӯӣ ва ҳимоят аз Исроил, омили тамоми буҳронҳо дар минтақа аст.

Муовини Ҳизбуллоҳи Лубнон “муомилаи қарн” -ро тарҳе барои гирифтани заминҳои фаластинӣ ва машрӯиятбахшӣ ба режими ишғолгари Исроил донист ва афзуд, ин тарҳи амрикоӣ комилан мардуд аст ва дар миёни миллати муҷоҳид ва муқовими Фаластин ҷое надорад.

Дар ҳамин ҳол, Сайид Ҳошим Сафиуддин, раиси Шӯрои иҷроии Ҳизбуллоҳи Лубнон низ эълом кард, Амрико ва кишварҳои ҳошияи халиҷи Форс мехоҳанд бо “муомилаи қарн” Эронро таҳти фишор қарор диҳанд ва табиӣ аст, ки қалби муқовимат дар Лубнон, Фаластин ва кишварҳои дигар бо Ҷумҳурии Исломии Эрон бошад.

Бар асоси тарҳи амрикоии “муомилаи қарн”, Қудси Шариф ба режими саҳюнистӣ вогузор мешавад. Оворагони фаластинӣ дар дигар кишварҳо ҳаққи бозгашт нахоҳанд дошт ва Фаластин танҳо моликияти заминҳои боқимондаи Каронаи бохтарии рӯди Урдун ва борикаи Ғаззаро хоҳад дошт.

 

Барчасп