Дидори Помпео ва бародари Муҳаммад бин Салмон ва таъкид бар лузуми гуфтугӯ барои ҳалли буҳрони Яман
(last modified 2019-08-29T05:50:49+00:00 )
Август 29, 2019 10:50 Asia/Dushanbe
  • Дидори Помпео ва бародари Муҳаммад бин Салмон ва таъкид бар лузуми гуфтугӯ барои ҳалли буҳрони Яман

Вазири умури хориҷаи Амрико ва муовини вазири дифои Арабистон бар ин масъала таъкид карданд, ки гуфтугӯ танҳо роҳ барои ҳалли буҳрони Яман аст.

Ба гузориши радииои тоҷикии Садои Хуросон, Морган Ортагос сухангӯи Вазорати хориҷаи Амрико дар баёнияе эълом кард, ки Майк Помпео вазири дифои Амрико дар дидор бо Холид бин Салмон муовини вазири дифои Арабистон бар ҳимояти Иёлоти муттаҳида аз роҳи ҳалле мубтанӣ бар музокира миёни Яман ва Шурои интиқолии ҷанубӣ таъкид кард.

Помпео аз муовини вазири дифои Арабистон низ ба далели талошҳои Риёз ҷиҳати миёнҷигарӣ ба манзури ҳалли ихтилофот қадрдонӣ кард.

Барчасп