Вазорати кишвари Арабистон амалиёти паҳподӣ алайҳи таъсисоти нафтии “Арамко” - ро таъйид кард
(last modified 2019-09-14T09:19:51+00:00 )
Сентябр 14, 2019 14:19 Asia/Dushanbe
  • Вазорати кишвари Арабистон амалиёти паҳподӣ алайҳи таъсисоти нафтии “Арамко” - ро таъйид кард

Сухангӯи амниятии Вазорати кишвари Арабистони Саудӣ таъйид кард, оташсӯзии субҳи имрӯз (шанбе) дар таъсисоти нафтии “Арамко” ношӣ аз амалиёти паҳподӣ будааст.

Бар асоси гузориши хабаргузории расмии Арабистон “ВАС”, Мансур Ат-Турки, сухангӯи амниятии Вазорати кишвари Арабистони Саудӣ эълом кард, дар соати чаҳори субҳи имрӯз (шанбе) тимҳои амнияти санъатии ширкати “Арамко” барои хомӯш кардани ду оташсӯзӣ дар ду корхонаи ширкат дар устони "Буқайқ" ва "Хурайс" вориди амал шуданд. Ин ду оташсӯзӣ дар натиҷаи ҳадаф қарор додани ин ширкат бо ПАҲПОД будааст. Ҷилави оташ ва афзоиши густараи он гирифта шуда ва тимҳои таҳқиқотии марбута вориди амал шудаанд.

Вай дар бораи ин ки ин амалиёти паҳподӣ тавассути чӣ тарафе анҷом шуда, тавзеҳ надод.

Дар лаҳазоти аввалияи оташсӯзии таъсисоти мазкур, шабакаи “Аларабия” дар гузорише аз номушаххас будани иллати он хабар дод, аммо бархе гумоназаниҳои ғайрирасмӣ эҳтимоли ҳамлаи паҳподиро матраҳ карда буданд.

Дар мурдодмоҳи гузашта низ ягони паҳподии артиши Яман бо даҳ паҳподи таҳоҷумӣ марокизи ҳассоси нафтӣ ва полоишгоҳҳои давлати саудиро дар ҷануби шарқи ин кишвар ва дар наздикии марзи Иморот ҳадаф қарор дода буд.

Дар он замон сартип Яҳё Сареъ, сухангӯи Нерӯҳои мусаллаҳи Яман эълом кард, ки бо даҳ паҳподи таҳоҷумӣ таъсисоти нафтии “Арамко” - ро дар наздикии марзи Иморот ҳадаф қарор дода ва ин амалиёт дар чорчӯби амалиёти “боздорандаи шумораи як” аст.

 

 

 

Барчасп