Тоқаев: Ҳамкориҳои Қазоқистон ва Чин абъоди стратегӣ ва баландмуддат дорад
(last modified 2019-09-14T15:08:39+00:00 )
Сентябр 14, 2019 20:08 Asia/Dushanbe
  • Тоқаев: Ҳамкориҳои Қазоқистон ва Чин абъоди стратегӣ ва баландмуддат дорад

Раисҷумҳури Қазоқистон дар сафари дурӯзаи худ ба Чин бо раиси Кумитаи доимии Кунгураи миллии намояндагони халқи Чин мулоқот кард.

Дар ин дидор тарафайн бо баррасии масоили марбут ба таомулоти байнипарлумонии Қазоқистон ва Чин, тавсиаи систематикии ҳамкориҳо дар ин заминаро мусбат арзёбӣ карданд.

Тоқаев дар ин дидор музокирот бо ҳамтои чинии худро муваффақиятомез унвон карду гуфт: Чин ҳамсояи бузурги Қазоқистон мебошад.

Вай гуфт: Бо  дар назар гирифтани ҳамкориҳои ҷомеъ байни ду кишвар, мо баёнияи муштаракеро ба имзо расонидем, ки дар он банде дарҷ шуда, ки муштаракоти Қазоқистон ва Чин ҷанбаи стратегӣ ва баландмуддат хоҳад дошт.

 

Барчасп