Ғорати беш аз 120 миллион бушка нафти Яман
Дабири кулли Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман гуфт, аз ибтидои ҷанги Яман то кунун беш аз 120 миллион бушкаи нафт дар минтақаҳои таҳти ишғоли эътилофи саудӣ-иморотӣ ба яғмо рафтааст.
Ба нақл аз хабаргузории Форс, саид Абдулмалик Бадриддин Алҳувсӣ дабири кулли Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман ба муносибати солрӯзи валодати пайёмбари акрам (с) гуфт, идомаи ҳамалоти эътилофи саудӣ алайҳи мардуми Яман, пайёмадҳои ногуворе барои мутаҷовизон ба ҳамороҳ дорад.
Алҳувсӣ афзуд, идомаи ҳамалоти душманон муҷиби пешрафт ва тавсеаи таҷҳизоти низомии Яман мешавад ва касоне, ки ба дунболи ҷангу таҳрим ва дар натиҷаи таслими Яман ҳастанд оқибати корашон зиён аст.
Раҳбари Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман дар табйини мавозеи кишвараш дар баробари режими саҳюнистӣ низ гуфт, Исроил як режими ғосиб аст ва миллати Яман дар сурати ҳаргуна ҳимоқати ин режим ҳеҷгуна тардиде дар эъломи ҷиҳод алайҳи душмани исроилӣ нахоҳад дошт.
Арабистон бо ҳимояти Амрико, Иморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст.