Муҳокимаи мухолифони Оли Сауд дар додгоҳҳои махфӣ
Созмони Афви Байналмилал: Арабистон аз як додгоҳи махфӣ таъсис шуда барои муҳокимаи парвандаҳои терроризм, барои саркӯби мунтақидин ва ақалиятҳои мусалмон истифода кардааст.
Ба гузориши хабаргузории Ассошиэйтед Пресс, Созмони Афви Байналмилал рӯзи панҷшанбе гуфт, Арабистони Саудӣ аз як додгоҳм махфӣ таъсис шуда барои муҳокимаи парвандаҳои терроризм ба унвони "силоҳи саркӯб" барои зиндонӣ кардани мунтақидин, фаъолон, рӯзноманигорон, рӯҳониён ва ақалиятҳои мусалмонон истифода ва бархеро ба марг ва эъдом маҳкум кардааст.
Ин созмони ҳуқуқи башари мустақар дар Лондон асноди додгоҳҳоро баррасӣ ва бо фаъолон ва вакилони мудофеъ барои таҳияи ин гузориши 53 сафҳаӣ сӯҳбат кардааст, ки ба равшан шудани раванди расидгиҳо дар ин додгоҳҳои маҳрамона кумак кардааст. Дар ин гузориш омадааст, муҳокимаҳо дар ин додгоҳҳо "тамасхури адолат" будааст ва қузоти ин додгоҳҳо "ҳамдасти касоне ҳастанд, ки мехоҳанд касонеро, ки шаҳомати эътироз ба онҳоро доранд, муҷозот кунанд. " Ин додгоҳ, ки дар соли 2008 ва дар талош барои муҷозоти ҷароими марбут ба террор таъсис шуд, додгоҳ дар соли 2011 муҳокимаи мунтақидони давлатро бар асоси қавонини комилан зидди терроризм, ки дар онҳо тавҳин ба подшоҳ Салмон ва Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳдро муҷозот мекунад, оғоз кард.
Созмони Афви Байналмилал гуфт, бархе аз иттиҳомоти мутадовил, ки дар ин додгоҳ расидагӣ мешавад, шомили "нофармонӣ аз ҳокими Арабистони Саудӣ, зери савол бурдани садоқати мақомот, талош барои эҷоди ихтилол дар амният ва таҳрики беназмӣ бо фарохони тазоҳурот ва интишори иттилооти нодуруст ба гурӯҳҳои хориҷӣ" аст. Ин созмон ҳамчунин гуфт, лафозиҳои давлат дар бораи ислоҳот дар давраи валиаҳд бо воқеиятҳо дар ин подшоҳӣ комилан таноқуз дорад ба гунае, ки фаъолони ҳуқуқи занон ва даҳҳо мунтақиди шоҳзодаи ҷавон зиндонӣ ё ба иттиҳомоти мубҳаме марбут ба амнияти миллӣ муҳокима мешаванд.
Созмони Афви Байналмилал гуфт,"дар ҳамаи ин парвандаҳо, раванди муҳокима комилан ғайриодилона будааст." Ин созмон дар ҷараёни таҳқиқот дар бораи ин парвандаҳо бо чанд ожонси Саудӣ тамос гирифт, ки танҳо комиссияи ҳуқуқи башари Арабистони Саудӣ ба ин дархостҳо посух дод ва гуфт, ин додгоҳ аз ҳамон қавонин ва равандҳои дигари додгоҳҳои ҷиноӣ, пайравӣ мекунад. Ин гурӯҳ афзуд," дастикам 20 мард дар ин додгоҳ муҳокима ва ба эъдом маҳкум шудаанд. Аз ин теъдод ҳукми 17 нафар иҷро шудааст. Ҳамонанди дигар гурӯҳҳои ҳуқуқи башар, Созмони Афви Байналмилал низ иҷоза наёфт ин таҳқиқотро дар дохили Арабистони Саудӣ анҷом диҳад.