Маҳмуди Аббос: Қудс пойтахти абадии Фаластин аст
Раиси Ташкилоти худгардони Фаластин таъкид кард, Қудс пойтахти абадии Фаластин аст.
Ба гузориши хабаргузории фаластинии “Вафо”, Маҳмуди Аббос, раиси Ташкилоти худгардони Фаластин шомгоҳи панҷшанбе дар ҷамъи намояндагони ҷомеаи мадании Фаластин дар Ромуллоҳ бо баёни ин ки тарҳи “Муомилаи қарн”-и Амрико мушобеҳи эъломияи Болфури Биритониёст, афзуд, сари сӯзане аз ҳуқуқи миллати Фаластин, ки дар ҳуқуқи байналмилал ба расмият шинохта шудааст, кӯтоҳ нахоҳад омад.
Маҳмуди Аббос бо таъкид бар ин ки муборизаи кунунӣ бо тавтеаи “Муомилаи қарн” охирин мубориза дар навъи худ нахоҳад буд, гуфт, он чӣ дар эъломияи Болфур дар соли 1917 омада, ҳамон чизе аст, ки акнун ба номи “Муомилаи қарн” ба мардуми Фаластин ироа мешавад.
Эъломияи Болфурро Артур Ҷеймз Болфур, вазири умури хориҷаи вақти Англия дар дувуми ноябри соли 1917 хитоб ба Волтер Ротшилд, сиёсатмадори яҳудитабор ва аз шахсиятҳои шинохташудаи саҳюнизм навишт ва дар он ба яҳудиён ваъдаи эҷоди як меҳан дар сарзамини Фаластин дод. Дар пайи судури баёнияи Болфур муҳоҷирати азими яҳудиён ба сарзаминҳои таърихии Фаластин оғоз шуд.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико 28 январ ба ҳамроҳи Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ аз тарҳи нажодпарастонаи “Муомилаи қарн” рӯнамоӣ кард.
Ба расмият шинохтани Қудс ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ, вогузории 30 дарсад аз Каронаи Бохтарӣ ба Исроил, мухолифат бо бозгашти оворагони фаластинӣ ба кишварашон ва халъи силоҳи комили Фаластин аз муҳимтарин мавзӯоти ин тарҳи нангин аст.