Тамбри "Қудс пойтахти Фаластин" чоп шуд
Уммон дар вокуниш ба тарҳи зиддифаластинии Муомилаи қарни Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико тамбри ҳовии иборати "Қудс пойтахти Фаластин" чоп кард.
Ба нақл аз ИРНО, Уммон бо ҳадафи таъкид бар ҳимояти ҷаҳони арабӣ аз масъалаи Фаластин ин тамбрро чоп кардааст.
Ин тамбр дорои тасвири Қаббатул Сахра аст, ки яке аз муҳимтарин биноҳои меъмории исломӣ дар шаҳри қадимии Байтулмуқаддас ба шумор меравад.
Тасвири парчами Фаластин ва ду кабутари сулҳ бо рангҳои сафед рӯи ин тамбр ба чашм мехурад.
Абдулмалик Албалушӣ раиси Идораи почтаи Уммон дар инбора гуфт, Уммон ҷузви аввалин кишварҳои ҳимоякунандаи Фаластин буда ва чопи ин тамбр ҳомили ин паём ба дунё аст, ки Қудс пойтахти Фаластин аст.
Бар асоси тарҳи раиси ҷумҳури Амрико барои ҳаллу фасли қазияи Фаластин мавсум ба Муомилаи қарн шаҳри Қудси шарқӣ аз заминҳои Фаластин тафкик ва ба ҷои он пешниҳоди ташкили пойтахти Фаластин дар яке аз рустоҳои наздики Қудси ишғолӣ матраҳ шудааст.
Ин тарҳ ҳаққи бозгашти оворагонро ба ватани модариашон салб ва бар мондани доими онон дар кишварҳое монанди Сурия, Урдун ва Лубнон таъкид кардааст.
Тарҳи зиддифаластинии Муомилаи қарн бо мухолифатҳои шадиди минтақаӣ рубару аст.