Шикояти як ширкати ҳуқуқии англисӣ аз Иморот ба иттиҳоми иртикоби ҷиноёти ҷангӣ дар Яман
(last modified 2020-02-13T12:57:44+00:00 )
Феврал 13, 2020 17:57 Asia/Dushanbe
  • Шикояти як ширкати ҳуқуқии англисӣ аз Иморот ба иттиҳоми иртикоби ҷиноёти ҷангӣ дар Яман

Як ширкати ҳуқуқии англисӣ аз чанд мақоми аршади иморотӣ ба иттиҳоми иртикоби ҷиноёти ҷангӣ дар Яман шикоят кардааст.

Ба гузориши Форс, як ширкати ҳуқуқии англисӣ додхостеро ба мақомоти Бритониё, Амрико ва Туркия ироа карда ва дар он хостори боздошти мақомоти аршади Иморот ба иттиҳоми анҷоми ҷиноёти ҷангӣ ва шиканҷа дар Яман шудааст.

Бар асоси ин гузориш, ин шикоят тавассути ширкати ҳуқуқии “Stoke White” дар Англия анҷом шуда ва таҳти усули додхоҳии ҷаҳонӣ танзим шудааст, ки бар асоси он кишварҳо мутааҳҳид ба баррасии нақзи Конвенсияи ҷиноёти ҷангии Женева, дар ҳар куҷои ҷаҳон, ки иттифоқ биафтад, ҳастанд.

Ин ширкати англисӣ ба намояндагӣ аз Абдуллоҳ Сулаймон Абдуллоҳ, рӯзноманигор ва Салоҳ Муслим, ки бародараш дар Яман кушта шудааст, ба пулиси метрополи Англия ва вазоратхонаҳои додгустарии Амрико ва Туркия таслим шудааст.

Вакилони ин афрод мегӯянд, ки аз Иморот ва кормандони ин кишвар, ки масъули шиканҷа ва ҷинояти ҷангӣ алайҳ ғайринизомиён дар Яман байни солҳои 2015 то 2019 ҳастанд шикоят шудааст. Дар ин шикоят асомии мақомоти аршади сиёсии Иморот ва ҳамчунин мақомоти низомии ин кишвар, ки мазнун ба ин ҷиноят ҳастанд омадааст.

Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, ки аз шарикони аслии Арабистони Саудӣ дар эътилофи ин кишвар алайҳи Яман аст, илова бар иттиҳомоте назир даст доштан дар куштори ғайринизомиёни яманӣ, муттаҳам ба фиреби ҷавонони судонӣ ва мушорикати нохостаи онҳо дар ҷанги Яман низ аст.

Тибқи оморҳои ғайрирасмӣ, ҷанги эътилофи Саудӣ алайҳи Яман то кунун беш аз сад ҳазор кушта барҷо гузошта, садҳо ҳазор нафарро овора карда ва зерсохтҳои ин кишварро низ комилан нобуд кардааст.