Март 08, 2020 19:24 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши шумори мубталоён ба коронавирус дар Фаластини ишғолӣ

Мақомоти ҳавзаи бедоштии режими саҳюнистӣ изъон ва тасдиқ карданд, ки шумори афроди мубтало ба коронавирус ба 25 нафар афзоиш ёфтааст.

Рӯзномаи Едиос Аҳронос  бо эъломи ин хабар афзуд, ки вазъияти  як тан ноқили ин беморӣ вахим аст.

Нигаронӣ аз густариши коронавирус дар остонаи таътилоти иди пурим дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин дар ҳоле афзоиш ёфтааст, ки ҳудуди 80 ҳазор нафар аз саҳюнистҳо худро дар қарантинаи хонагӣ қарор доданд.

Ин дар ҳоле аст, ки саҳюнистҳо ҳафтаи гузаштаро низ бо нигаронии бисёр шадид ва ҳамагирии вируси корона дар интихобот мушорикат карданд.

Охирин омори мавриди иддаои режими саҳюнистӣ аз мубталоён ба коронавирус дар сарзаминҳои ишғолӣ то рӯзи ҷумъа 21 нафар эълом шудааст.

Ин режим то алъон маргеро ба далели бемории коронавирус эълом накардааст.

 

Барчасп