Фирори шуморе диишӣ аз зиндони таҳти контроли нерӯҳои мавриди ҳимояти Амрико дар Сурия
(last modified 2020-03-30T06:11:26+00:00 )
Март 30, 2020 11:11 Asia/Dushanbe
  • Фирори шуморе диишӣ аз зиндони таҳти контроли нерӯҳои мавриди ҳимояти Амрико дар Сурия

Манобеи сурӣ аз фирори шуморе аз террористҳои диишӣ аз зиндоне дар Алҳасака шимолу шарқи Сурия хабар доданд.

Шомгоҳи якшанбе террористҳо дар зиндони  Кurd_run-и шаҳри Алҳасака, ки таҳти контроли нерӯҳои демократи Сурия ва мавриди ҳимояти низомиёни ишғолгари амрикоӣ қарор дорад шуриш карда ва теъдоде аз онҳо муваффақ ба фирор аз ин зиндон шуданд.

Наздик ба панҷ ҳазор диишӣ аз шаҳрвандони 54 кишвари ҷаҳон дар зиндони марказии Курд-рон зиндонӣ ҳастанд ва кишварҳои онҳо аз пазириши ин зиндониён худдорӣ мекунанд.

Ин дуввумин шуриши зиндониён дар шаҳри Алҳасака дар камтар аз як моҳи ахир аст.

Ин дар ҳолест, ки давлатҳои Сурия ва Русия рӯзи шанбе дар бораи таъмин ва ҳимояти гурӯҳҳои террористии ҳозир дар Сурия тавассути Амрико, ҳушдор доданд.

Ба рағми он ки Амрико пештар аз хурӯҷи низомиёнаш аз Сурия хабар дода буд, низомиёни террористи Амрико ҳамчунон дар бахшҳои мухталифи Сурия ҳузур доранд ва ба амалиёти низомӣ ва таъмин ва ҳимояти гурӯҳҳои террористӣ идома медиҳанд.

 

Барчасп